Паймони миллии як ҷузъи иттиҳоди террористӣ
Бо ҳалномаи Суди Олии мамлакат аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Ташкилоти экстремистиву террористии Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон бо муттаҳид сохтани якчанд ташкилотҳои дигар дар мисоли: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ» ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, таъсис ёфтааст.
Ҳодисаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар замони муосир бебаҳс дигаргуниҳои ҷамъиятию ба вуҷуд меорад. Ба мисоли дигар замони пешрафтаи мо мисли оинаи бузургест дар рўбарўи ҷамъият, ки ҳар чӣ дар ҷамъият падид меояд дар ин оинаи ҳаёт инъикос мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи нави таърихи ташаккули ҳар гуна гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сохтори ҷамъиятии мо, ягон дигаргунии кулли ба вуҷуд намеорад, лекин мафкури мардумро вайрон намуда ҳаёти осудаю осоиштаи моро вайрон мекунад.
Яке аз лиҳози асосии ташаккул ва таназзули шудани ташкилотҳо ва гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин дар танг будани ҷахонбинии насли чавонон мебошад. Оё шахсоне, ки ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил шуданд ва мафкураи зиди мақомотҳои сохтори давлатӣ доранд, ягон мафкураи пешравии давлату миллатро дастгири мекунанд? Албатта, не! Мақсади асосии ин ташкилоти ПМТ ва ТЭТ ҲНИ бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуриавию амалӣ зоҳир намуда, аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онро таъриху фарҳангӣ башарият тасдиқ намудааст.
Дини мубини ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят сохта, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Мутаассифона, паймонсозону наҳзатиён терроризм ва ифротгароиро ба ислом пайванд додани ҳастанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, бояд маърифат ба ҷаҳолат муқобил гузошта шавад. То замоне ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ чи дар мамолики аврупоӣ ва чи кишварҳои исломӣ пурра решакан нагардад, хатари терроризм ва ифротгароии байналхалқӣ боқӣ мемонад.
Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” амалҳои аъзою намояндагони Ҳизби наҳзати исломро баёнгари намуда ин ташкилот ҳамчун ҳаракатҳои терроризму ифротгароӣ хусусияти ҳизб буда, ҳеҷ вақт пойбанди демократияю озодӣ шуда наметавонад. Боре мушоҳида накардаем, ки роҳбарияти ҳизб амалҳои зишти аъзоёнашро маҳкум ё пешгирӣ карда бошад. Баръакс чун матали тоҷикон «болои сӯхта намакоб мерезад» гӯён, дастгирӣ ва ҳатто сармоягузорӣ мекунад. Бояд қайд намуд, ки ошӯби Назарзодаро кӣ сармоягузорӣ кардааст? Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИ ва Кабирист.
Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” ин ҳамон ТТЭ ҲНИ, ки фаъолияти худро барои амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои худ ва хоҷагонашон дар солҳои аввали истиқлолият аз ноогоҳии сиёсӣ ва заифии ҳукумат истифода бурда кӯшиш намуданд, ки давлати исломӣ созанд. Мо хуб медонем, ки ин амали беандеша ва ғалати намояндагони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломӣ ба чӣ рӯзҳои сахту мудҳиш оварда расонд. Вале зарару қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дарси ибрат нагаштааст. Гарчанде, ки роҳбари собиқи ҳизб марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ бо Президентӣ кишвар қарордоди сулҳро имзо карда бошад ҳам вале як лаҳза аъзоёну тарафдорони ҳизб андешаи дубора зидди ҳукумат бархестанро аз хаёлашон дур накардаанд. Теъдоди кӯчаки тарафдорону аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ бо собиқ раиси он Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Аврупо паноҳ бурда қасд доранд, ки дар фурсати муносиб алайҳи давлати мо бархезанд.
Мақсади ин шахсони бенангу номус пароканда намудани якдилии миллати азизии мо аст. Аммо ин максади номатлуби ифротгарон амали худро нахоханд ёфт. Зеро мардуми мо бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон кадамҳои худро ба суйи зиндагии шоиста, осудаву ором ва амну босаодат мегузорад. Ба ягон хел паймону наҳзатиён муҳтоҷ нест ва намешавад ҳам.
Абдураҳмонова М.И. – сармуаллимаи
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ