Баргузории маҳфил байни донишҷӯёни донишгоҳ

Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили илмию адабӣ бо иштироки донишҷўёни соли аввали факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ ва дар доираи маҳфили илмии «Бонкдори ҷавон»-и кафедраи кори бонкӣ баргузор шуд. Дар маҳфил сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ, н.и.и, дотсент Самадова З.А. иштирок ва баромад кард.
Сипас, мувофиқи барномаи мизи мудаввар Маюсуфова Масрура, донишҷўи курси 1, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзўи «Аз таърихи пайдоиши Истиқлолият», Исломова Муздалифа, донишҷўи курси 1, факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар мавзўи «Истиқлолият аз нигоҳи ҷавонон» ва Акмалзода Паричеҳра, донишҷўи курси 1, факултети молия дар мавзўи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ» маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар интиҳои маҳфил донишҷӯён байни ҳам саволу ҷавоб намуданд.

 

 

You might also like