Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид
03 октябри соли 2026 дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти соҳаи маориф, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорону устодон ва аҳли фарҳанг иштирок намуданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок ва суханронӣ намуда, омӯзгоронро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, нақши муҳимму созандаи онҳоро дар таълиму тарбияи насли наврас, рушди соҳаи маориф ва пешрафти ҷомеа таъкид намуд.
Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рӯзи омӯзгорон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо ректорони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти фаъолияти илмӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Боиси сарфарозист, ки дар ин рӯзи фархунда ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шероз Мӯминзода бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид. Ин қадрдонӣ нишони эътирофи фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи роҳбарияти Донишгоҳ дар рушди таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ ва баланд бардоштани мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки дар барномаи фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни дастаи созиву овозии «Ошёни меҳр»-и назди Донишгоҳ низ бо барномаи ҳунарии худ иштирок намуданд. Донишҷӯён бо иҷрои суруди «Пешво» ба чорабинӣ рӯҳияи тоза бахшида, маҳорати баланди ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд ва бо баромади хеш иштирокчиёнро шод намуданд.
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар чунин сатҳи баланд бозгӯи эҳтирому арҷгузории ҷомеа ба мақоми омӯзгор ва нақши бузурги аҳли маориф дар тарбияи насли созанда, соҳибмаърифат ва ояндасоз мебошад. Барои ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бошад, қадршиносии ректори Донишгоҳ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ мояи ифтихор ва сарфарозист.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа













