ҶАВОНОН — НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАСОЗ

8 октябри соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши вилоятӣ бахшида ба 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — неруи созанда ва ояндасоз» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода иштирок намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, саҳми онҳо дар ободонии Ватан ва аҳаммияти ташаббусҳои созандаи насли ҷавон суханронӣ карданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои созанда, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, рушди илму маориф ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим доранд. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ барои муттаҳид намудани ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби насли ҷавон ба корҳои ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Дар баробари дигар ҷавонони фаъолу ташаббускори вилояти Суғд, омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мирзокомиол Комилов низ дар ҳамоиш баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба мақому манзалати ҷавонон ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи пешрафта баён кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти пурсамар қадршиносӣ гардиданд. Дар қатори онҳо омӯзгори ҷавони донишгоҳ Мирзокомиол Комилов низ боиси қадршиносӣ қарор гирифт.
Баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба ташаббусҳои созанда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like