Забон- муқаддасот ва рукни муҳимми фарҳангу маданияти миллӣ
6 октябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2- и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Забон – муқаддасот ва рукни муҳимми фарҳангу маданияти миллӣ » баргузор гардид.
Дар конференсия сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз кард, боиси сарфарозист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун рўзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Имрӯз мо дар фазои тантанавӣ ва эҳсоси баланди худшиносии миллӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин сана барои ҳар як фарди соҳибватан фурсати муносибест, то ба мақоми волои забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, омили муҳими худшиносии миллӣ ва пайванди ногусастании наслҳо арҷ гузорем.
Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ба санаи фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Таҷлили ин ҷашнҳои муҳиму муқаддас барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор буда, моро водор месозад, ки ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ, истиқлолият ва забони миллӣ бо масъулияти бештар муносибат намоем.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар маркази сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат қарор дошта, барои таҳкими мақоми он дар ҷомеа заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудаанд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ барои рушди ҳамаҷониба имкониятҳои бесобиқа пайдо намуда, мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар илму маориф, ҳуқуқ, иқтисод, сиёсат ва фарҳанг боз ҳам устувор гардид. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ заминаи ҳуқуқии истифода ва рушди забони давлатиро таҳким бахшид, илова намуд Ф.Ҳомидзода.
Дар идомаи кори конференсия д.и.ф., профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Мӯсо Олимҷонов дар мавзуи “Санади соҳибмақомии забони давлатӣ», н.и.ф., дотсент, мудири шуъбаи табъу нашр Нурихон Охунҷонова дар мавзуи «Забони миллат – ҳастии миллат» асари безавол дар шинохти забони давлатӣ», н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Дилрабо Раҳматова дар мавзуи “Забондонӣ, сухану сухансанҷӣ ва маҳорати суханварӣ аз нигоҳи Ҷалолиддини Балхӣ”, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, н.и.ф., дотсент Шавкат Рустамов дар мавзуи «Ҷанбаҳои таҳаввулоти таъриҳӣ ва сиёсиву мадании забони тоҷикӣ”, магистранти соли аввали факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Муҳаббат Боирова дар мавзуи “Масоили дуруст ва ғалатнависӣ дар забони адабӣ” маърузаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки масоили забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири рушду такомул бахшидани арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидошти рукнҳои муҳими давлатдорӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Ҳамзамон, насли имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят менамояд. Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ ва рушду нумўи босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ бо воситаю омилҳои маъмулу пазируфташуда –забон, мерос, ҳуввият ва асолати миллати худ таҳкурсии мустаҳками ояндаи дурахшони чомеаи навини тоҷиконро бунёд намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ донишҷӯён дар васфи забони модарӣ ва бузургии он шеъру гуфторҳо қироат намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа













