ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши илмҳои дақиқ дар рақамикунонӣ ва рушди инноватсионии саноати муосир”

09 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи  илмӣ-амалии байналмилалӣ  таҳти  унвони  «Нақши  илмҳои  дақиқ  дар  рақамикунонӣ  варушди  инноватсионии  саноати  муосир»,  бахшида  ба  солҳои 2020-2040 “Бистсолаи  омӯзиш  ва  рушди  илмҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ  дар  соҳаи илму  маориф”,  “Солҳои  рушди  иқтисоди  рақамӣ  ва  инноватсия”,  «Солҳои 2022ғ 2026 солҳои  рушди  саноат»  ва  ба  ифтихори  ҷашни  35-солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони варзида, мутахассисони соҳа, устодони донишгоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.

Дар оғоз, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд намуд, ки дар марҳилаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ илм ва технология ба яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Тағйироти босуръат дар  соҳаи технологияҳои иттилоотию  коммуникатсионӣ, автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ, коркарди  маълумоти калон, робототехника, моделсозии математикӣ ва дигар самтҳои инноватсионӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири амиқ расонида истодаанд. Дар чунин шароит рушди илмҳои дақиқ ва татбиқи дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот на танҳо масъалаи илмӣ, балки омили муҳими таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад.

Дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисодиёт талабот ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва технологияҳои нав пайваста меафзояд. Корхонаҳои саноатӣ барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар бозори рақобатӣ бояд ба технологияҳои муосир, истеҳсолоти интеллектуалӣ, системаҳои автоматикунонидашуда ва усулҳои нави идоракунӣ рӯ оваранд. Ин раванд дар навбати худ зарурати таҳияи роҳҳои нави илмӣ ва техникиро ба миён мегузорад.

Яке аз самтҳои муҳими рушди саноати муосир ташаккули истеҳсолоти интеллектуалӣ мебошад. Истифодаи сенсорҳо, системаҳои автоматии назорат, шабакаҳои рақамӣ, таҳлили маълумот, технологияҳои абрӣ, зеҳни сунъӣ ва воситаҳои моделсозӣ имкон медиҳад, ки равандҳои истеҳсолӣ бо дақиқии баланд назорат ва идора карда шаванд. Дар чунин системаҳо қарорҳои истеҳсолӣ ҳарчи бештар бар асоси маълумоти воқеӣ ва таҳлили илмии онҳо қабул карда мешаванд.

Дар ин замина, нақши илмҳои дақиқ танҳо бо рушди технологияҳои алоҳида маҳдуд намешавад. Онҳо барои ташаккули тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва эҷодии мутахассисон низ аҳаммияти бузург доранд. Мутахассиси муосир бояд қобилияти таҳлили маълумот, ҳалли масъалаҳои мураккаб, истифодаи моделҳои математикӣ, кор бо технологияҳои рақамӣ ва қабули қарорҳои асоснокро дошта бошад.

Умедворем, ки мавзўи илмии мазкур ба густариши мубоҳисаҳои илмӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, рушди тафаккури инноватсионӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои  илмҳои  дақиқ  дар  раҳои  асосии  рушди  инноватсионӣ ба пешрафти саноат, таҳкими иқтисоди  миллӣ ва таъмини  рушди устувори ҷомеа  мусоидат хоҳад кард, илова намуд Ф.Ҳомидзода.

Дар идома, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода баромад намуда, ба кори конференсия барор хост.

[09.10.26 15:21] Мунзифахон Атамуллаева: Тибқи барномаи конференсия н.и.и., дотсент Екатерина Голубцова ва н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи иқтисодии ба номи Г.В. Плеханови Федератсияи  Россия Екатерина Новикова дар мавзуи ”Научно-технологическое развитие экономики:  макроэкономический и фискальный аспекты” (тариқи онлайн), д.и.т., профессори Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии ба номи Муҳаммад Алхоразмии шаҳри Тошканд Юрий Писецкий дар мавзуи “Наука  и  образование  и  цифровизация:  новые  возможности  для промышленного развития” (тариқи онлайн), профессори кафедраи технологияҳои рақамӣ ва математикаи Донишгоҳи Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршида Устаджалилова дар мавзуи “Формирование  ключевых  компетенций  устойчивого  развития средствами математического и естественнонаучного образования ”(тариқи онлайн), директори  ҶДММ “Мутахассисони Роҳи Абрешим” (Silk Road Professionals) муҳандиси барномарезӣ ва зеҳни сунъӣ Мирзодалер Мўҳсинзода дар мавзуи “TechBridge  Тajikistan:  «Чӣ  гуна  донишгоҳҳо  ва  IT  ширкатҳо метавонанд мутахассисонро якљоя омода кунанд?» (тариқи онлайн), д.и.ф – м,  профессори Донишгоњи Анкараи Туркия Iman N. Askerzade (тариқи онлайн), барномасози “LTD Welox-Software», муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Аҳмадшоҳ Раупов дар мавзуи “Нақши  технологияҳои  рақамӣ  дар автоматикунонии  равандҳои идоракунии истеҳсолот”маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории конференсия  мубодилаи афкор баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳо дар раванди рақамикунонӣ  ва рушди  инноватсионии  саноати  муосир, методикаи таълими илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, дар ин самт муайян намудани дурнамои рушди таҳсилоти олӣ, ноил гаштан ба мақсадҳои ниҳоӣ, омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, салоҳиятнокии мутахассисони соҳаи таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ мегардад.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like