Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодони арҷманд, донишҷӯёни азиз!
Имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Бо истифода аз фурсате, ки бароям даст додааст, ҳамаи Шумо ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллиамон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору фаъолиятатон бурдбориҳо таманно менамоям.
Дар ҳақиқат Истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз ибтидои ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуд, ки ин падида шоистаи арҷгузорист.
Воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд. Ба ин васила ояндаи неку осоишта, зиндагии сарбаландона ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ насиб гардид.
Истиқлолу озодӣ калиди соҳибдавлатӣ, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, пойдевори давлати мутамаддин ва аркони давлатдории муосир буда, даврони соҳибистиқлолӣ марҳалаи навини давлатдории миллӣ, амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, дар маҷмӯъ давраи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат, дар маҷмӯъ заминаи бунёди давлати нерӯманду устувор ва зиндагии шоиста маҳсуб ёфта, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан афзун намуд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ донишгоҳи мо дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ва ба таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.
Итминони комил дорам, ки ҳар яки Шумо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо кору пайкори нек беш аз пеш заҳмат кашида, дар таҳким ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳм мегузоред.
Бо камоли ифтихору шукргузорӣ бори дигар дар ин айёми фараҳафзои ҷашни сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ба Шумо рӯзгори босаодат, камолоти эҷодию маънавӣ, дар корҳои имрӯзу ояндаатон муваффақияту комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии абадӣ таманно менамоям.
Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборак!