Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Донишҷӯёни азиз,
Ҷавонони саодатманди диёр!
Сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳисобанд. Қабули чандин санадҳо доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расман эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, эълон гардидани Соли ҷавонон, мунтазам роҳандозии фестивалҳои дӯстии ҷавонон аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳои шоиста арзёбӣ мегардад.
Воқеан, ҷавонон – ворисони асилу арзандаи миллат, нерўи бузурги бунёдкориву ояндасози давлат, қишри ҳассосу баландпарвози ҷомеа, созандагону имрўзу фардо, манбаи ғояҳои нав, идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи худ, ташаббускору қувваи пешбаранда ва сарвати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро “умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат” ном мебаранд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонон-донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон татбиқгари барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишвар ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буданашонро бо дастовардҳои назарраси хеш собит менамоянд. Бахусус, ғолибияти ҷавонон-донишҷуёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», “Илм фуруғӣ маърифат», “Беҳтарин донандаи Конститутсия», «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз», дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ҷавонони донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Бо амри дил ва хоҳиши худ ба адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани беш аз дусад нафар хатмкунандагони донишгоҳ, фаъолияти босамари онҳоро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инъикос менамояд, ки боиси ифтихору сарфарозист.
Итминони комил дорем, ки имрўз низ ҷавонон бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, барои мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишвар саҳм мегузоранд. Бо андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона дар раванди муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки хусусияти муосири муборизаҳои сиёсии субъектони муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонони далеру шуҷоъ бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди Модар – Ватан ва барои ҳифзи суботи сиёсӣдар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат менамоянд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда Шумо ва кулли ҷавонони кишварамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, комёбиву муваффақиятҳо ва хушбахтиву пирӯзиҳоро орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

 

You might also like