ДДҲБСТ: Қадршиносии ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Имрӯз, 19 майи соли 2023 зимни баргузории маросими қадршиносии ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ донишҷӯи донишгоҳТемурмалик Худойбердиев, ки чанде пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ  соҳиби мақоми аввал гардида буд, қадршиносӣ гардид. Ба Темурмалик Худойбердиев ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҷиҳати сазовор гардидан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Диплом ва 5 000 сомонӣ тақдим кард.

Ректори донишгоҳ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ иштироки фаъол дошта бошанд ва бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш  барои сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидан  донишҷӯи ДДҲБСТ аз ҷониби вазири ва маориф вилми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Медалу Диплом қадршиносӣ гардида буд.

Темурмалик Худойбердиев барои қадршиносӣ гардидан ба вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

You might also like