ДДҲБСТ: Баргузории маросими қадршиносии ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

19 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими қадршиносии ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Каримов иштирок намуда, ҷавононро шодбош карданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Роҳбари донишгоҳ зиакр кард, ки  сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳисобанд. 

Шарифзода М.М. илова кард, ки раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва ба ин васила, саҳмгузории ҷавононро дар татбиқи барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишварамон таъмин менамояд. Ҷавонон- донишҷӯён аз чунин таваҷҷӯҳ илҳоми тоза гирифта, беш аз пеш ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Бахусус, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардидани Темурмалик Худойбердиев аз фанни назарияи иқтисодӣ, дар озмунҳои ҷумҳуриявии   “Беҳтарин донандаи Конститутсия”  сазовори ҷойи дуюм гардидани  Ҳусейн Ғуломшоев, «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» ғолиб гардидани Абдухолиқ Бобоев, ғолибияти донишҷӯён Абдуҳафиз Шамсиев ва Фаридун Насриддинов дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғӣ маърифат”, ба даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» роҳхат гирифтани донишҷӯён Анӯшервони Ҷамолиддин, Дилшод Холиқов, Амирмуслим Соҳибов, Парвина Қурбонова, Динора Мамадалиева, Макнуна Ҳамзаева, Довуд Камолзода, Ортиқҷон Ёдгоров бо амри дил ва хоҳиши худ ба  адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани  235 нафар хатмкунандагони донишгоҳ дар соли хониши равон, дар мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба намуди Ҷит Кун До дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал гардидани Ҷовидхон Алихонов, дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё дар кишвари Таиланд  оид ба бокс сазовори медали тилло  гардидани Шаҳбоз Ҳаитов, дар мусобиқа байни варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  аз рӯи намуди Ушу гирифтани мақоми аввал аз ҷониби  Тоштемир Назаров, дар мусобиқаи Кикбоксинг, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, мақоми аввал  ва номзади устоди варзиш гардидани Нодира Шаропова, дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди “Гӯштини миллӣ” сазовори ҷойи аввал гардидани Эҳсон Искандарзода, аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи аввал гардидани Довуд Махкамов, дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди “Варзиши сабук” гирифтани мақоми аввал аз ҷониби Нигина Ботирова,  ба вазифаи пурмасъули роҳбарони гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд интихоб гардидани донишҷӯёни донишгоҳ Дилангез Холова ва Равшан Исмоилов аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ҷавонони донишгоҳ дар соли таҳсил маҳсуб меёбад.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ ҷавонони болаёқати донишгоҳ – гирандаи Стипендияи раёсати донишгоҳ, ки шумораи онҳо дар соли таҳсили 2022-2023 ба 71 нафар расид Шаҳодатнома ва Стипендияи раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ роҳандозӣ шуда буд, Диплому медал, Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пуливу туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид. Ба чанде аз ҷавонони донишгоҳ дафтарчаҳои аъзогии ҳизбӣ тақдим шуд.

 

You might also like