Ба давлату миллат бояд содиқ бошем!
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…».
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст ва бо ҳар кадом ҷумҳуриҳо бо баназаргирии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Новобаста аз чунин пешравиҳо дар ҷамъият шахсоне дучор меоянд, ки ба давлату миллати худ хоинӣ намуда, фурӯхтаи хориҷиён гардидаанд.
Ин гурўҳи ҷинояткор, ки аз нишондодашон бармеояд, зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба содир намудани куштори олимон, сиёсатмадорон, аҳли фарҳанг ва дин машғул буданд. Шахсиятҳое, ки аз ҷониби ин гурўҳи ҷинояткор ба қатл расонида шудаанд, инҳо на шахсиятҳои оддӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифгари миллати тоҷик буданд. Гурўҳи ҷинояткор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо супориш ва роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзода бар ивази маблағи ночизи сармоягузорони хориҷии худ чунин шахсиятҳои маъруфи кишвар Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф ИсҳоКӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Шарипов Фатҳуллохон, Бегиҷонов Собирҷон, Хайруллоев Нурулло Мухторович ва дигаронро ба қатл расонида, нобоварии халқро нисбати ҳукумат зиёд намуда, маълумотҳои бардурўғро оид ба он ки ин шахсиятҳои барумандро ҳамчун рақибони сиёсӣ ҳукумати кишвар ба қатл расонида бошад паҳн намуда буданд.
Бо гузашти вақт таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро ба мардуми кишвар ошкор намуд. Ин амалҳои ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллати тоҷик бори дигар ба халқу ватан ва ҷаҳониён исбот намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона, созандаро пеша гирифта, онро дар амал татбиқ намуда истодааст.
Барои мисол, баромади Муҳддин Кабирӣ дар мавзӯи “Оё барои мусалмонон ҳамеша бояд як диктатур бошад? Таҷрибаи Тунис, Туркия ва Толибон”, ки санаи 02 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии ютуб пахш карда шуд, боз шоҳиди он буд, ки Кабирӣ бо мисол овардани давлатҳои мусалмонӣ ва инқилобҳо дар он руйпӯшона мардуми Тоҷикистонро ба инқилобу митинг даъват намуда, чунин андеша меронд, ки роҳи боз ҳам беҳтар шудани зиндагии мардум гӯё аз ҳамин митингу инқилоб вобаста бошад. Мо албатта инқилобу митинги наҳзатиёро дидем, ки дар солҳои 90-ум Тоҷикистонро ба кадом ҳолат оварданд ва чӣ қадар ба Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ зарар овард.
Вобаста ба ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ба суханҳои ин хоинони миллат фирефта нашуда, бояд сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободу сарсабзии кишвар саҳмгузор бошем.
Сайфиддинов А. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ