МАҚОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ҳамеша дар таърих аз рўи тарзи фаъолият ва таъсири лидерони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра ба ин ё он самт майл пайдо намуда, бо суръати муайян ба сўи оянда ҳаракат дорад. Ҷойгоҳ, нақш ва таъсири шахсиятҳои алоҳида чӣ дар шакли манфӣ ва чӣ дар шакли мусбӣ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии башарият ҳамеша мондагор буда, он ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихӣ зудуда намешавад. Яъне, ҳар як ҳодисаҳои таърихии сатҳи давлатӣ, минтакавию байналмилалӣ бо фаъолияту таъсир ва саҳму талоши роҳбарони сиёсӣ зич алоқаманд мебошад. Мисол, ҷанги дуюми ҷаҳонро бидуни ҳузури симоҳои А.Гитлер ва И. Сталин тасаввур кардан, омўхтан номумкин ва мантиқан ҳам иштибоҳ мебошад. Ҳатто ҳар як шўриш, ҳар қаҳрамониҳое, ки дар ин ё он кишвар рух медиҳад, номи онҳо бо номи ин ё он шахсият зич алоқаманд буда, он ҳодисаҳо бо исми онҳо (қаҳрамонии Темурмалик, шўриши Восеъ) дар саҳифаҳои таърихӣ сабт гардидаанд. Гарчанде, ки дар ҳар як ҳодисаву воқеаҳо гурўҳи муайяни одамон иштирок дошта, дар амалигардии як барномаи сиёсӣ саҳми муайяни худро мегузоранд, вале дар сафи пеш шахсиятҳои алоҳида онҳоро ташкил намуда, аз ақиби худ ба ҷониби мақсади муайяни сиёсӣ мебаранд. Яъне, нашқи сарвари сиёсӣ дар рушди давлату миллат ва ҳифзу нигоҳдории он бисёр назаррас мебошад.
Чуноне ки мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар бораи нақши шахсият дар ҳифз, ташаккул ва рушди миллат фармудааст:
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Аз рўи мантиқи гуфтаҳои боло масъалаи сарвар ва пеш аз ҳама сарвари сиёсӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми ҳар як ҷомеа мақоми махсус дорад. Таълимот дар бораи сарвар таърихи дуру дароз дошта, ин таълимот аз ҳамон вақте cap шудааст, ки тамоми ҳаёти сиёсии ҷомеа дар ихтиёри фиръавнҳо ва шоҳон буд. Дар мамлакатҳои гуногун ба сари ҳокимият омадани пешвоён, консулҳо, императорон, шоҳон мақоми онҳоро дар назари мардум ва ҳаёти сиёсии ҷомеа баланд бардошт.
Оиди тоифаҳои сарвари сиёсӣ муҳаққиқон Н. Макиавелли, Р. Такер, Г. Лассуэл, С. Хук, М. Вебер фикру ақидаҳои гуногун баён намудаанд. Вале дар байни ин фикру ақидаҳо аз ҳама амиқтараш таълимоти Маркс Вебер мебошад, ки ў сарваронро ба чунин тоифаҳо ҷудо кардааст:
– сарвари анъанавӣ, ки дар асоси боварӣ ва муқаддас будани анъанаҳо пазируфта шудааст. Масалан, фарзанди шоҳ ҳуқуқ дорад баъди вафоти шоҳ “қонунӣ” шоҳ шавад;
– сарвари расмӣ ба қонунӣ будани тартиботи мавчуда боварӣ дошта, ин сарвар ба воситаи интихоботҳо ба сари ҳокимият меояд;
– сарвари харизматикӣ дар асоси боварӣ ба қобиляти фавқулодааш ба шахсияти нотакрор маъруф шудааст. Идоракунии чунин сарварон аз болои одамон аз рўи қонунҳо набуда, он дар асоси обрў ва қобилият асос ёфтааст. Ин тоифа сарварон одатан дар давраҳои хеле шадиди сиёсӣ ба майдон мебароянд ва бо мўътадил гаштани ҳаёти сиёсии ҷомеа онҳо ба сарварони анъанавӣ ва бюрократӣ табдил меёбанд.
Аз байни сарварони сиёсии дар боло оварда шуда, сарвари харизматикӣ бештар дар байни мардум маҳбубият дошта, сифатҳои фавқулодда дорад ва ҳамчун шахсияти сиёсии таърихӣ садсолаҳо номаш боқӣ мемонад, ки чунин навъ сарварон дар таърих бисёр кам ба сари қудрат меоянд ва онҳо Худодод ва ғайриоддӣ мебошанд.
Дар ин робита ба андешаи мо, шахсияти сиёсии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро низ ба навъи сарвари харизматикӣ дохил кардан мумкин аст. Ташаккулёбии шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз замони солҳои аввали истиқлолият, пеш аз ҳама аз рўзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте ў ҳамчун раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд, оғоз ёфт. Хоссатан як қатор хизматҳои зерини роҳбари давлат аз замонҳои аввали оғози фаъолияташ дар мансаби раиси Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз, ўро дар байни мардум маҳбуб гардонида, чун сарвари харизматикӣ рушд намуд:
1.Аз рўи самимият сухан намудан ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон;
- Сидқан дўст доштани Ватан, миллат, давлат ва мардуми тоҷик;
3.Ҷасорат, мардонагӣ ва эътимоди қавиъ доштан нисбат ба худ ва суханони худ. Мисол, чуноне ки ҳангоми қасамёдкунии худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд!», «Дар ин роҳ ё мемирам, ё ба пирўзӣ даст меёбам!».
- Бидуни тарс ваъда додан ба мардум нисбати баргардонидани гурезагон, хомўш намудани оташи ҷанг дар кишвар. Читавре ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромадҳои нахустинаш қайд намудааст: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман фарзанди деҳқонам. Аз авлоди мо танҳо ман аз рўи қалам нон мехўрам. Дигар ҳама деҳқон, чўпон, механизатор мебошанд. Ҳангоми интихоби кадрҳо кўшиш мекунам, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором кунем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Кўшиш мекунам, ки камтар дар дафтари корӣ бошам. Ба мардум муроҷиат карда мегўям, ки ба дурўғҳо бовар накунед. Ҳеҷ кас ба Душанбе ҳамла намекунад. Бори дигар ба бовариатон ташаккур мегўям».
5.Нотарсона оғоз намудани фаъолияти сиёсӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву низомии он давра ва қадам ба қадам муваффақ шудан дар анҷоми амалҳои неки худ.
6.Аз сари нав зинда намудани номи бузургони миллати тоҷик, нашри осори онҳо ва дар сатҳи баланди давлатӣ ва байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷик ва ҷаҳони ислом ба монанди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имом Бухорӣ ва ғ.
7.Талошҳо барои расидан ба амнияти энергетикии кишвар. Дар ин самт бунёд намудани нерўгоҳҳои хурду миёна ва бузург чун НОБ-и Роғун.
Чуноне, ки медонем, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр сангини солҳои аввали истиқлолият ба мансаби раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва он як даврае буд, ки кишвар дар ҳоли пурра аз байн рафтан қарор дошт. Барои ҳамин ба ин мансаб омадани Пешвои миллат умуман барои миллати тоҷик як фурсати таърихӣ барои ҳифзи миллат ва давлати миллии тозаистиқлол маҳсуб меёфт. Фикр мекунам, ки ҳамин нуқтаро мо набояд фаромўш кунем. Зеро ў тавонист барои ҳифзи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон кори ниҳоят муҳими таърихиро анҷом дод, яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф ва ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолияти худро тақвият бахшид.
Сарвари сиёсии муваффақ будани Пешвои миллатро пеш аз ҳама суханҳои дар амал тадбиқшудааш, фаъолият ва амалҳои зерине, ки то имрўз дар кишвар анҷом доданд, муаррифӣ менамояд:
– Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали ба мансаби раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданашон ваъда доданд, ки «агар лозим бошад нақбро бо нохунҳоямон меканем ва минтақаҳои кишварро мепайвандем ва азоби мардумро сабук менамоем». Ин суханонашон дар он солҳои вазнин бисёр сахт буд, аммо ў иродаи бисёр матин дошт, ки чунин суханонро бигўяд ва нисбати худ боварии калон дошт. Мо баъдан худ шоҳиди он будем, ки на танҳо як нақб балки якчанд нақб дар Тоҷикистон кушода шуд ва имрўз мардум дар чор фасли сол озодона ба гўшаву канори Ватан рафту омад намуда, тавассути нақлиёт молу колоҳо ва маҳсулотҳои гуногун мекашонанд;
– Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ваъдаи худ «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам» 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо роҳбарии ҷониби мухолифин Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ»-ро ба имзо расонид ва дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, кишвар ба фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиштагӣ расид;
-Сарвари давлат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ 75 ҳазор гектар заминҳои кишту кор ҷудо намуд ва дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум чанд маротиба нисбат ба солҳои аввали истиқлолият беҳтар гардид;
-Роҳбари давлат дар ин давра дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон корҳои бисёр муҳимеро анҷом дод, ки он пеш аз ҳама ташаббусҳои ў дар масъалаи ниҳоят муҳим барои тамоми аҳолии кишварҳои дунё, мавзўи ҳифзи об, оби тоза ва самаранок истифода бурдан ва ҳалли масъалаи баҳсталаби оби тоза дар байни давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки ҳамаи ташаббусҳои ў аз ҷониби аксарияти кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфтанд: «Соли байналмилалии оби тоз дар соли 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт солҳои 2005-2015», қабули муваффақонаи Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028;
-То имрўз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар самти бунёди давлатдории миллӣ корҳои бисёр муҳимро анҷом бидиҳанд. Пеш аз ҳама тарғиби идеяи давлатдорӣ, соҳибдавлатӣ ва соҳибмулкӣ, дар пойтахти кишвар ш. Душанбе бунёди Парчам, Нишон, қасри Миллат, қасри Сомон, бинои баландошёнаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар биноҳои муҳими сохтори давлатӣ, ки ҳамаи онҳо аз омилҳо ва заминаҳои муҳими ташаккулдиҳандаи давлати миллии тоҷикон дар шароити имрўза маҳсуб меёбад. Воқеан роҳбари кишвар тўли ин солҳо ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ заҳматҳои зиёд намуданд ва ҳамеша рўи пуриқтидор намудани кишвар ва соҳибӣ кардани он аз ҷониби мардуми тоҷик, таъкидҳои зиёд намудаанд;
-Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр баромадҳои худ ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки ба ҷуз худи онҳо ҳеҷ кишвари дигар фикри онҳоро нахоҳанд кард ва нисбати ояндаи худ бепарво набошанд. Дар ҳақиқат бисёр мутафаккирон чунин андеша доранд, ки ҳар як миллат ва давлат нисбати ояндаи хеш пеш аз ҳама худашон сабабгор мебошанд. Чихеле ки дар ин бобат Муҳаммад Иқбол мефармояд:
Худо ҳар миллатеро сарвари дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигаре кишт.
Хулоса, тамоми корҳо, талошҳо, заҳматҳо ва амалҳое, ки Роҳбари давлат то имрўз ба анҷом расониданд, бевосита барои давлатро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан ва дар баланд бардоштани обрўву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар маҷмўъ бунёдкориву созандагиҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки аз як ҷониб ў ҳамчун лидери сиёсӣ ва шахсияти сиёсии таърихӣ номаш дар хотираи таърихии миллати тоҷик ва таърихи давлатдории навин ҳифз гардад ва аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол устуворона рушд намояд.
Шўҳрат Саидзода – н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ