ЧЕҲРАИ МАНФУРИ НАҲЗАТ ВА КАБИРИИ СУХАНБОЗИ МУНОФИҚ
Дар замоне, ки давлати мо истиқлолияти худро ба даст оварду, мо тўли 30 сол аст, дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ зиндагонӣ карда истодаем ва аз дастовардҳои он, ки сол то сол зиёд шуда истодааст, мефахрем. Дар ин осмони софу беғубор абрҳои тираву сиёҳ намудор шуданд, ки ба ваҳдату, сулҳу осоиштагии давлатамон, хатари парокандагии миллатро оварда, ба пайдо шудани низову ошўбҳо дар ҷамъият сабаб мешаванд, ки мисоли он ҲНИ мебошад.
То ҳол хоинони миллат дар хориҷи кишвар қарор гирифта, аз ҳизбҳои динӣ баромад карда, давлати исломӣ ташкил карданӣ ҳастанд, мақсади онҳо танҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на ин ки некуаҳволии халқ. Онҳо динро ба манфиатҳои худ истифода бурда, ҷомеае, ки ба пеш ҳаракат карда истодааст ба қафо ба давраи асримиёнигӣ бурданӣ ҳастанд.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки барои пешравии ҷомеа танҳо сиёсати солими дунявӣ, дониши илмӣ, тараққиёти илм ва техника лозим аст, ки пояи асоси ояндаи дурахшони миллатро ташкил медиҳад. Зиддият ва муборизае, ки аз замонҳои қадим байни сиёсат ва дин сар зада буд, то ҳол идома дорад. Аз дасти рўҳониёни асримиёнагӣ, ки ба фанатизми динӣ дода шуда буданд, давлат пеш намерафт. Айнан чунин холат дар давраи истиқлолият ТЭТ ҲНИ, ки ҳар як аъзои он тухми фанатизмро дар байни миллат пошида, одамонро ба исён оварда, ҷамъиятро нотиҷу, давлатро ноустувор мегардониданд.
Ҷамъияте, ки ба фанатизми динӣ гирифтор шудааст, ба осонӣ идора карда, байни онҳо оташи ҷангро афрухта, демократияро ба анархия мубаддал гардондан мумкин аст, ки ин ба манфиати он шахсоне, ки худ бо чунин тарз ба сари ҳокимият омада, давлати тоҷикро нобуд кардан мехоҳанд. Барои миллати тоҷик ТЭТ ҲНИ аз рўзҳои аввали фаъолият то охир чун душмани миллат баромад карда, халқро ба гирдоби ҷангҳои хунин гирифтор намуд.
Амалиёти ҲНИ-ро дар Тоҷикистон ҳамчун хиёнат ба халқ, ба Ватан арзёбӣ кардан лозим аст. Танҳо дар панҷ соли охири фаъолияташ аз соли 2010 то соли 2015 ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ беш аз чил ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд. Аз ҷумла афрўхтани кинаву адовати динӣ, ташкил ва иштироки иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва экстримистиву террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон дар ҳақиқат характери экстримистӣ-террористӣ дошта, мақсади онҳо ғасб кардани давлати дунявии тоҷик, маҳкум кардани озодии миллӣ, барпо кардани давлати исломӣ мебошад. Давраи фаъолияти ҲНИ дар таърихи миллат саҳифаи пурдоғеро аз худ боқӣ гузошт. Ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ки ба худ ранги диниро гирифтанд, бештар самти фаъолияти онҳо зидди сиёсати давлат ва поймол кардани қонуни конститутсионӣ равона карда шудааст. Чунин ҳолат дар раванди сиёсишавии дин зоҳир мегардад.
Айни замон ин хоинони миллат мисли мунофиқ – яъне душмани пинҳонии дохилӣ ва хориҷӣ амал карда, худро ба мардуми тоҷик дӯсту ошно вонамуд карда, ба ин марзу буми Ватан хиёнат карда истодаанд.
Макони мунофиқонро Худованд дар табақаи пасттарини дӯзах муайян кардааст ва мунофиқон мисли гурбаи зоҳид хилъати зуҳду тақво ба бар кардаву аз номи ислом сухан мегӯянд, аммо чун фурсати муносиб ёфтанд, неш мезананд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури наҳзат ва Кабирии суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш бахусус ҷавонон ҳамчун ояндагони миллат аз ин мунофиқон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Қобилов Б.Қ. – муовини декан оид ба тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ