Баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба 30 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии ДДҲБСТ

21 феврали соли 2023 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии варзишӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати 30 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо,  мо дар остонаи 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии азизамон қарор дорем. Таъкид кардан зарур аст, ки наврасону ҷавонон бояд таърихи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи бисёр вазнини сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсис ёфтааст, огоҳи дошта бошанд ва шукрона кунанд, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо тамоми шароиту имкониятҳо дар қисмҳои низомии мамлакатамон муҳайё гардидааст.

Илова шуд, ки ҳадаф аз ташкили мусобиқаи мазкур тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, омода намудани донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ, ҷалби донишҷӯён ба мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷисмонӣ донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён мебошад.

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ аз рӯи 7 намуд – бо қадами сафӣ гузаштан,     ёрии аввал ба ҷабрдида, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчин, дастхобонӣ ва  гӯштини камарбандӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон байни дастаҳои факултетҳои донишгоҳ доир шуд.Ғолибони мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ ба тариқи даставӣ муайян карда шуданд. 

Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like