Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва донишҷӯёни фаъол

17 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуда, дар он як зумра кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки ғолиби озмуну мусобиқаҳои варзишӣ мебошанд, инчунин як қатор донишҷӯён, ки тибқи хулосаи комиссияи озмунии донишгоҳ барои сарфароз гардидан бо Стипендияи раёсати донишгоҳ пешниҳод гардидаанд бо шаҳодатномаву ифтихорнома, диплому сипоснома ва мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз шуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон аз ҷумла роҳандозӣ ва сарпарасии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамасола баланд бардоштани маблағи Стипендияи донишҷӯён ёдовар шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат пайваста савияи дониши худро баланд бардошта дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву бйналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, номбардори давлату миллат гарданд. Роҳбари донишгоҳ аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида ёдовар шуда, зикр намуд, ки барои мутахассиси варзида, забондон, дорои донишҳои муосир гардидан тамоми имкониятҳо дар донишгоҳ фароҳам аст, танҳо лозим аст муҳассилин ба таври васеъ аз китобхонаҳои илмиву электронӣ, марказу лабораторияҳои илмиву таълимӣ ва Маҷмааи замонавии варзишӣ истифода карда, соҳиби дониши баланд шаванд, вақти пурқимати хешро дар роҳи омӯзиш ва машғул гардидан ба варзиш сарф намуда, номбардори волидайн, ҷойи таҳсил ва давлату миллат шаванд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як қатор озмунҳои донишгоҳӣ, ки байни устодон, магистрантон ва донишҷӯён дар мавзӯҳои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи якпорчагии кишвар ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон барои фаъолияти босамар дар самти илмомӯзӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар раванди таҳсил, инчунин саҳми сазовор гузоштан дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ чанде аз донишҷӯён бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҷиҳати саҳми сазовор гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ба дастовардҳо комёб шудаанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон тибқи хулосаи комиссияи озмунӣ ва қарори шӯрои олимони донишгоҳ донишҷӯён, магистрантону докторантон ва хонандагони Литсейи донишгоҳ, ки сазовори стипендияи раёсати донишгоҳ гардиданд бо шаҳодатнома ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷом чанде аз донишҷӯёни фаъол ҷиҳати дастгирии пайваста ва қадршиносӣ шуданашон бо маблағҳои пуливу туҳфаҳои хотиравӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like