Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои касбии олӣ бо хатмкунандагони шаҳри Истаравшан

Мулоқоти роҳбарони муаассисаҳои таҳсилоти касбии олии вилоят бо хатмкунандагон ин навбат дар шаҳри Истаравшан доир гардид. Хатмкунандагони муассисаҳои миёнаву умумии шаҳр дар гимназияи №5 сарҷамъ гардиданд.
Гурӯҳи тарғиботии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар мулоқот иштирок намуда, ба хатмкунандагон доир ба шароиту имкониятҳои донишгоҳ маълумот ва маводи тарғиботӣ дастрас карданд.
Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки ин марҳалаи тақдирсози таърихӣ буда, дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат, ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон, мавқеи устувор ва шоистаи худро касб намудааст. Имрўз дар донишгоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар аз рӯи 43 ихтисос бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитойӣ ва немисӣ таҳсил намуда, ба таълиму тарбияи онҳо 350 нафар профессорону омўзгорон, ки бештар аз 50 фоизи онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд, машѓуланд.
ДДҲБСТ дар тўли 30 соли фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнатро омода намудааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он ба ҳайси роҳбарону мутахассисон дар тамоми вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони муваффақ фаъолияти босамар доранд.
Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст.
Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 80 муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ ҳамкориҳоро дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.
Бо мақсади ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ДДҲБСТ аввалин байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ ноил гардид, ки ин як қадами устувор дар роҳи ворид шудан ба рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо соли 2021 факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишкадаи молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода, таҳсил дар факултети мазкур дар давраҳои муайян дар ду донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Хатмкунандагони факултет соҳиби дипломҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегарданд.
Шароиту имкониятҳои васеи фароҳамгардида имкон дод, ки муҳассилини донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, информатика, географияи иқтисодӣ, забонҳои хориҷӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол”, “Ихтироъкорон ва навоварон” ва мусобиқаҳои варзишӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён шарафёб гардиданд. Барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ стипендияҳо муқаррар гардида, онҳо имконияти ба таври ройгон таҳсил намудан дар зинаҳои бакалавр, магистр, докторантура ва идомаи таҳсил дар бонуфузтарин донишгоҳҳои хориҷи кишварро пайдо менамоянд. Бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки Шумо мутахассиси варзидаи ҷавобгӯй ба талаботи муосир, донандаи забонҳои хориҷиву технологияҳои инноватсионӣ гардида, барои рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳмгузор бошед.
Пас аз баромади роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят хатмкунандагон саволҳо перомуни ихтисосу имтиёзҳо, маблағи шартнома, мавҷудияти хобгоҳ ва ғайраҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like