Мулоқоти ректори донишгоҳ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати  ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят бо хатмкунандагон доир шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар баробари роҳбарони дигар муассисаҳо дар вохӯри ширкат варзида, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба хатмкунандагон муаррифӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмии худро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва  дар асоси Иҷозатнома аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи Аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

ДДҲБСТ дорои 7 факултет – Ҳуқуқшиносӣ,  Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Молия, Бизнес ва идоракунӣ, Баҳисобгирӣ ва андоз, Инноватсия ва телекоммуникатсия ва Факултети муштарак бо Донишкадаи молиявии Тошканд ва 29 кафедра буда, мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ, информатика,  системаҳои автоматикунонидашуда, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ омода менамояд.

Ба раванди таълиму тарбияи донишҷўён 341 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 21 нафар доктори илм, профессор, 150 нафар номзади илм, дотсент, ҷалб гардиданд. Давраи ҳисоботӣ 5 нафар омӯзгорони соҳибунвон, аз ҷумла 2 нафар докторони илм ба кор қабул карда шуданд. Дар маҷмўъ, аз теъдоди умумии устодон 50,1% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.

Дар донишгоҳ ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажўҳишоти илмӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуда, барои таъмин намудани раванди таълим бо адабиёту китобҳои дарсӣ, дастури таълимию методӣ ва воситаҳои техникии муосири таълим чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Имрӯз барои пешбурди раванди таълим 1339 адад компютер, 95 адад ноутбук, 212 адад принтер, 160 адад УПС, 12   адад сканер, 193 адад проектор, 61 адад тахтаи электронӣ ва 201 адад камераҳои назоратӣ, 39 адад телевизор, 156 адад тахтаи синфӣ, 2984 адад курсӣ, 1867 адад миз мавриди истифода қарор дорад. 

Ҳамзамон донишгоҳ дорои маҷмааи варзишии замонавӣ иборат аз ду ошёна бо 400 ҷойи нишаст бо фарогирии толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, толори варзиши сабук, толор барои бозии шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ муҷаҳҳаз бо лавозимотҳои варзишии муосир мебошад шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани машқу тамрини донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда истодааст.

Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои 53 ҳазору 334 адад адабиёт мебошад.Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст, илова кард ректори донишгоҳ.

Сипас, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки хостори таҳсил дар ДДҲБСТ-ро доштанд аз ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. перомуни ихтисос ва имтиёзҳои фароҳамгардидаи раёсати донишгоҳ пурсон шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо дигар идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like