Омӯзиши технологияҳои муосир ва иштирок дар интернет-олимпиадаҳои байналмиллалӣ

30 январи соли 2023 бо ибтикори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯён доир ба интернет-олимпиадаҳои байналмиллалӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар он устодон ва донишҷӯёни кафедраи мазкур ширкат варзида, доир ба дастоварду навгониҳои технологияҳои муосир, имкониятҳои рақамии донишгоҳ, нақш ва мавқеи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар даврони донишҷӯи, истифодаи оқилонаи имконият ва хизматрасониҳои интернет андешаронӣ карданд. Сипас, муаллими калони кафедра Пӯлотов Б.Б. доир ба “Тарзҳои иштирок дар Интернет-олимпиадаҳои байналмиллалӣ” баромад намуда, сомонаҳои расмии донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи технологияҳои иттилоотиро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард.

Дар идома мудири кафедра, дотсент Шуҳрат Исмоилов доир ба имкониятҳои донишгоҳ дар самти таъмини донишҷӯён бо хизматрасониҳои рақамӣ сухан карда, интернет-олимпиадаҳои онлайни бонуфузи байналмиллалиро муаррифӣ намуд ва донишҷӯёнро ҷиҳати иштирок дар чунин олимпиадаҳои тахассусӣ даъват кард. Донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра бо завқи баланд ба олимпиадаҳои онлайн ворид шуда, тестҳои имтиҳонии онро супориданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like