Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Амнияти иқтисодии давлати муосир: муаммоҳо ва ояндаи рушд”

21 декабри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи хадамоти гумрук ва мусоидати шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи “Амнияти иқтисодии давлати муосир: муаммоҳо ва ояндаи рушд” байни донишгоҳҳои олии Федеретсия Руссия, Ҷумҳурии Белорус, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.Мизи мудавварро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Даврон Бобоҷонов ифтитоҳ намуд ва андешаҳояшро перомуни мавзӯи муҳокимашаванда баён кард.Иброз шуд, ки мақсади асосии ташкил ва баргузории мизи мудаввар ин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти таълиму илм ва мубодилаи таҷриба мебошад.

You might also like