Дастоварди навбатии варзишии донишҷӯи ДДҲБСТ
Донишҷӯи соли 3-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Нодира Шаропова дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди кикбоксинг ВАКО ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, бо мағлуб кардани 2 рақиби худ сазовори ҷойи аввал шуд.
Мусобиқаи байналмилалӣ санаҳои 17-18 декабри соли равон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони зиёд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Донишҷӯи ДДҲБСТ бо шикаст додани ҳарифони хеш ба даври ниҳоӣ баромада, пирӯз гардид ва соҳиби диплому медал шуд.
Давоми ҳафтаи охир ин дуюмин донишҷӯи донишгоҳ аст, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ мегардад. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Нодира Шароповаро ҷиҳати пирӯзаш шодбош намуда, ба фаъолияти минбаъдаи илмиву таълимӣ ва варзишиаш барору комёбиҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




