Ҳафтаи “Забони русӣ дар давлатҳои хориҷӣ”
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, донистани забоҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ, талаботи замон мебошад. Раёсати ДДҲБСТ сиёсати давлатиро дар соҳаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳаматарафа дастгирӣ намуда, шароитро барои иштироки устодон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои махсус дар соҳаи рушди забономӯзӣ таъмин мекунад.
Санаҳои 5-9 декабри соли 2022 дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Сургут, ки ташаббускори ин чорабиниҳо мебошад, ҳафтаи “Забони русӣ дар давлатҳои хориҷӣ” гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки барои иштирок дар чорабиниҳои ҳафта намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Замбия, Қазоқистон, Қатар, Молдова, Сурия ва Ӯзбекистон тариқи онлайн ҷалб карда шуданд. Ҳафтаи “Забони русӣ дар давлатҳои хориҷӣ” аҳамияти калон барои муайян намудани роҳҳои нави омӯзиши забони русӣ дорад, бинобар ин роҳбарияти минтақаи мухтори Ханти-Мансийск, Югра ба он диққати махсус дода, дар оғози ҳафта губернатори он Комарова Н.В. баромад намуд.
Нимаи дуюми 6 декабр дар доираи ҳафтаи “Забони русӣ дар давлатҳои хориҷӣ” пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Махсусан мизи мудаввар “Забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон” тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати донишгоҳ ва кафедраи забони русӣ, инчунин донишҷӯён иштирок карданд. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Бобоҷонов Д.Д. донишгоҳро муаррифӣ намуда, таклифҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди забономӯзӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот пешниҳод кард.