Баргузории озмуни маърифатии “Камолоти зеҳни иқтисодӣ”
Бо мақсади тақвият бахшидани донишҳои иқтисодии донишҷӯён аз тарафи Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсия озмуни маърифатӣ – иқтисодии донишгоҳии «Камолоти зеҳни иқтисодӣ» байни донишҷӯёни факултетҳои молия, баҳисобгирӣ ва андоз, бизнес ва идоракунӣ гузаронида шуд.
Сатҳи донишандӯзии иштирокчиёнро аъзои ҳакамон, яъне Ризоқулов Т.Р. – д.и.и., профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Норматова Ш.М. – н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Раҳимов А.М. – д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, Самадова З.А. – н.и.и., дотсент, сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, Абдуллоева А.Т. – н.и.и., дотсент, мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот баҳогузорӣ намуданд.
Дар натиҷа, дастаи «Ҳамадонӣ»-и факултети бизнес ва идоракунӣ сазовори ҷойи аввал ва дастаҳои «Ворисони Истиқлол»-и факултети баҳисобгирӣ ва андоз, «Молиячии ҷавон»-и факултети молия сазоори ҷойи дуюм гардиданд.






