Баргузории Спартакиадаи варзишӣ дар Маҷмааи варзишии ДДҲБСТ

13 октябр дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа, бахшида ба 24-октябр, Рӯзи иттифоқҳои касаба байни омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ чорабинии варзишӣ дар намуди шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз байни занҳо ва футболи хурд байни мардҳо оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии он ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Самизода Мӯсобек Самӣ, муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толиб Оқилов,  раисони Иттифоқи касабаи кормнадони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

Иброз шуд, ки мақсади баргузории  чорабинии мазкур ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни омӯзгорону кормандони шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад. Шарифзода М.М. – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илова кард, ки ин гуна чорабиниҳо барои оммавигардонии варзиш дар байни ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин байни устодону омӯзгорони саҳми намоён мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like