Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад

09 ноябри соли 2021 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Панҷшанбезода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва  сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова ба китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароит ва махзани китобхонаи илмии донишгоҳ дидан карда бо захираи  китобҳои чопиву электронии китобхона аз наздик шинос шуданд.

Ҳадаф аз боздиди меҳмонон ҷамъоварии асарҳои олимони донишгоҳ, докторантону донишҷӯён, маводи конференсияҳо, маҷмӯаи мақолаҳо, монографияҳо инчунин ҷамъоварии маводи чопиву электронӣ ва муаррифии асарҳои олимону муҳаққиқон арзёбӣ карда мешавад.

Зимни шиносоиву боздид аз китобхонаи илмии донишгоҳ меҳмонон хостори густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамкориҳо барои муаррифии асарҳои олимону устодон ва муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Миқдори муайяни китобу асарҳои олимону муҳаққиқони ДДҲБСТ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like