Интернет-олимпиадаи донишгоҳӣ

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот, бо мақсади самаранок истифода намудани инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ донишгоҳиро аз фанни назарияи иқтисодӣ эълон менамояд.
Интернет – олимпиада аз ду давр иборат буда, даври якум тариқи он-лайн (http://skart.tsulbp.tj/olimp/ – браузерӣ Firefox тавсия дода мешавад) ва даври дуюм (ҷамъбастӣ) дар маркази тестии донишгоҳ баргузор хоҳад шуд.
Даври якум то 1-уми апрели соли 2021 баргузор мегардад. Ба даври дуюми интернет-олимпиада донишҷӯёни ба холҳои баланд сазоворгашта роҳ дода мешаванд.
Ҷамъбасти Интернет-олимпиада дар доираи конфронси анъанавии донишгоҳӣ (21-22 апрели соли 2021) бахшида ба Рӯзи илмӣ тоҷик эълон карда мешавад.

Муфассал

You might also like