Таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат ба аҳли зиё

Барои мо аҳли кормандони илму маориф ба назари эътибор гирифтани суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори Рӯзи дониш, ки санаи 17-уми августи соли  2020 аз он ҷизат эътибори хоса дошт, ки дар фатҳи мулки маънӣ аз нутқи Президенти маҳбубамон баҳраёб шудем: “Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем”.

Имрӯз вазъи ҷаҳони муосир  бисёр мураккабу печида гардидааст. Агар баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тайи даҳсолаҳо ҷанги сард омили бесуботии дунё гардида бошад, ҳоло ифротгароӣ ба мушкилоти ҷиддитарини башарият табдил ёфтааст. Яъне вазъияти ҷаҳон дар зарфи даҳсолаҳои охир ҳаргиз чунин печидаву ҳассос набуд. Рӯйдодҳои вақтҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус, нишасти сатҳи олии Созмони машварату ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, равшан сохтанд, ки мавзӯъҳои геополитикӣ ва геостратегӣ барои кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодааст. Дар ин ҷода Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва таъмини амният на танҳо дар минтақа балки ҷаҳон нақши калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, илова ба ин, ки дар давраи раёсати худ дар фаъолияти Созмони машварату ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тайи солҳои 2018 – 2020 ҷиҳати амалӣ намудани панҷ ченаки асосии он — иқтисодӣ, экологӣ, арзишҳои инсонӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамчунин, дар арсаи низомиву сиёсӣ нақши назаррас бозида истодааст, инчунин, омода аст, ки минбаъд низ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ, пеш аз ҳама, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа саҳми арзишманд гузорад. Зеро мо хуб медонем, ки ҷангу низоъи дохилӣ  бенизомиву беқонунист, хунрезиву куштори одамони бегуноҳ аст ва ҳамеша гуруснагиву қашшоқӣ ва харобиву бадбахтӣ меорад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва аз зиндагии орому осудаи имрӯза шукрона мекунанд.

Мо ҳама шаҳрвандони мамлакат зери сиёсати созандаи давлату ҳукумат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камарӣ ҳиммат баста, намегузорем то як нохалафе ба Ватани азизу меҳрубони мо сухани ноҷое гуфта бошад. Муттаҳидӣ ва ваҳдати миллиамон аслиҳае хубест бар муқобили ҳамагуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ.

Сиёсати Пешвои миллат моро ба фатҳи қуллаҳои нави илму дониш ва таълиму тарбия ҳидоят мекунад.

Хоҷаева М.Ҷ. – д.и.п., профессор, муовини

ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ

You might also like