Паймони миллӣ макони террористони наҳзатӣ
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди душманони хиёнаткори миллат, амсоли гурўҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш ба мисли Кабирӣ ва пайравони ў мебошад. Зеро аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум мебошанд.
Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи чангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд.
Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехост, ки ҷахон мувофиқи хости он шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд.
Гурӯҳи Мухиддин Кабирӣ гурўҳи бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолият, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, аз куҷо қадр кунанд!
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Зеро ТЭТ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони он ба мақсади худ, ки мехостанд, ки дар Тоҷикистони озоди мо ҷангу ҷидол бошад, бесару сомонӣ бошад ва қисматеро ба сарамон оранд, ки ҳоло Сурияю Афғонистон, Либияю Яман, Туркияю Украинаро домангир аст.
Қадри истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурўҳҳову афроди бегонаи давлатфуруш эҳтиёт кард!!!
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ