Паймони миллӣ дар умеди устухони хоҷа

Баҳодиҳӣ ба фаъолияти роҳбари давлат кори шахсиятҳои алоҳида набуда, ҳатто ҳеҷ шахс ҳуқуқи дахолат карданро надорад. Зеро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”дахлнопазирии Роҳбари давлат инъикоси худро ёфтааст. Баромадҳои Пешвои миллат ба пуррагӣ пурмӯҳтаво буда, тамоми ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хоҷагии халқи кишварро дарбар мегирад.

Хусусан Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат сиёсати дохиливу хориҷӣ ва самтҳои асосии пешрафти хоҷагии халқи кишвар барои соли сипаришаванда ба пуррагӣ таҳлил ва ҳаллу фасли онҳо, инчунин вазифаҳои минбаъда барои пешрафти самтҳои асосии рушди босуботи кишвар пешниҳод мегардад. Аз замони интихоб гардидани Роҳбари давлат дар оғоз ба ҳайси Раиси Шўрои Олии кишвар (ноябри 1992-1994), ва аз  соли 1994 то ҳол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз як қатор воқеаҳои ғайриимконе, ки Пешвои миллат дар давраи роҳбариашон тавонистанд ба сомон расонанд ба монанди: хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезагон аз хоки давлати бегона ба Ватан, ободии тамоми гўшаву канори кишвар ин ҳама заҳматҳои пурмашаққати Роҳбари давлат мебошад, ки бархе аз ноҷавонмардон ва нохалафон ин ҳама заҳматҳои ин шахсияти бузургу нотакрори миллати тоҷикро нодида мегиранд.

Яке аз хислатҳои беҳтарин ва накўтарини инсонӣ, ки Пешвои миллат чунин хислати накўро доранд ин хислати ятимпарваронаи он кас мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи мухолифин ҳазорон падару модарони кўдакони бегуноҳ ваҳшиёна кушта шуда буданд. Аз ҳамон давра сар карда Пешвои миллат таълиму тарбияи ин ятимони бегуноҳро, ки аз дасти разилони мухолифин ятим шуда буданд ба ўхдаи худ гирифтаанд ва тарбияи онҳо бевосита таҳти назорати Роҳбари давлат мебошад.

Хизматҳои Пешвои муаззами кишвар ба манфиати давлату миллати тоҷик арзандаву такрорнашаванда мебошад. Шахсияти нотакрор, ки имрўз бо кўшишҳои ин абармарди шуҷои миллат мардуми шарифи Тоҷикистони биҳиштосо бо сулҳу суботи пойдор, озодонаву ободона зиндагӣ менамоянд. Аммо шахсиятҳое низ пайдо шуда истодаанд, ки ин талошу заҳмаҳо ва ҷонфидоиҳои Роҳбари давлатро нодида гирифта ба воситаҳои сомонаҳои гуногуни интернетӣ ҳар гуна бўҳтону тўхматҳои беасос нисбати роҳбари давлат навишта истодаанд, ки ин кирдори нохалафонаи ин бадхоҳони миллату давлатро маҳкум менамоем.

Мухолифин имрўз берун аз хоки кишвар дар кишварҳои бегона бо умеди хоҷагони хориҷии худ дар дарбори онҳо хизмат карда истодаанд. Яке аз неъматҳои бузург ин соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз Роҳбари оқилу хирадманди мо тавонистанд ин неъмати бебаҳоро дар тўли даҳсолаҳо ба мисли гаҳвараки чашм эмин дошта тавонистаанд. Зеро тамоми тинҷиву оромии кишвар, якдигарфаҳмӣ ва меҳандўстии мо мардуми тоҷик аз он манша мегирад.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

 кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like