Филми “Бешарафӣ” ошкоркунандаи фаъолияти наҳзат
Дар шабакаҳои интернетӣ мақолаи навбатии Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнатро мутолиа намудем. Мақола мисли афсона аст. Муаллиф бо боварии том менависад, гўё хонандаи ин мақола ба ў бовар намуда, эътимод пайдо мекарда бошад. Ин амали ноҷавонмардонаи душманони халқ аст. Ин нависанда пайрави оппозитсионери фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дастпарварони ӯ аст.
Бо вуҷуди вазъи мӯътадили иҷтимоию сиёсӣ дар ҷомеаи мо Муҳиддин Кабирӣ ва дастпарварони ӯ Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев ба мисли як зоғи сиёҳ ба қалби одамон тарсу ҳарос коштанианд. Онҳо-як гурўҳи сиёҳкору тўҳматчӣ дар муроҷиатҳои видеоӣ ва мақолаҳои худ ҳамагонро ба шикаст додани ҳокимияти кунинии кишвар даъват менамояд. Дар мақола омадааст, ки соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо амри тасодуф Эмомалӣ Раҳмон ба курсии қудрат такя зад ва норозигии мардум аз сиёсати бераҳмона ва номуваффақи Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз меафзояд. Инчунин дар мақола боз тўҳматҳои зиёд нисбати Пешвои миллат ва ҳукумати кунунӣ оварда шудааст.
Ҳамагон хуб медонанд, ки тамоми фаъолияти Пешвои миллат аз рӯи Қонун, виҷдон ва амри дил буда, ба манфиати мардум равона гардидааст. Ба ин гуфтаҳои далелҳои зиёд оварда шудаанд ва исботи худро ёфтаанд, ки ҳоҷат ба такрор нест. Сиёсат Пешвои миллат муваффақона аст ва мардум бо қалби худ пешвои худро дўст медорад. Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2020, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш доранд.
Ин ба ном “таҳлилгари сиёсӣ» боз як иҷрокунандаи фармоиши ТЭТ ҲНИ ва “марди майдон” мебошад, ки дар хориҷи кишвар аз дур тўҳматҳои бофтаи худро паҳн мекунад.
Мо халқи бонангу номус намегузорем, ки тамоми дастовардҳои худро, ки тули Истиқлолияти кишварамон ба даст овардем, ба осонӣ аз даст диҳем. Зеро Истиқлолиятро бо “нархи гарон”, бо рехтани хуни мардуми тоҷик соҳиб шудем.
Муҳтарам нафақахўр аз қафои ваъдаҳои Кабирӣ ҳам нагарданд. Беҳтараш аз пайи саломат мондани худ бошанд. Шояд рўзе ва дар ягон ҳолате қурбони «хоҷагони» худ нагардет.
Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент, мудири
кафедраи фанҳои риёзӣ ва
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ