«Кибер – террористон»-и наҳзатӣ
Чи хеле, ки таърихи охирҳои асри XX ба мо гувоҳӣ медиҳад гирдиҳамоиҳо дар майдони «Шаҳидон» маҳз бо роҳбарии ТЭТ ҲНИ, ки пайрави мазҳаби «ваҳҳобия» ва «демократияи исломӣ» ҳукми ба қатл расонидани фарзандони барўманди миллатро ба роҳ монда буд. Зеро ақидаронии ҳамон давра мухолифин бо номҳои гуногуни худ бо ҷонибдории Ҳизби наҳзати ислом инчунин ҷунбишҳои ба ном мардумӣ бо фармонҳои ғайриқонунӣ сари қудрат омада, мақсаду мароми онҳо дигар кардани давлат буд.
Аз тарафи дигар корҳои ташвиқотию тарғиботӣ нисбати ягонагии ақида, садоқат ба пешвоёни худ, содиқ будан ба фикру ақидаи мазҳаби «ваҳҳобия» ва дастурамалҳои аз хориҷа воридгардида пардапўшона, зери парчами дини мубини ислом ва мутахассисони хориҷӣ пеш бурда мешуд. Далелҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медод, ки ҷанговарони экстремизми мазҳаби «ваҳҳобия» аз рўи нақшаи хориҷа амал намуда, бо мақсади ба дили мардум нақш бастани тарсу ваҳм, ҷоҳилии ваҳшиёна ва сангдилии махсус зоҳир намуда, ба қатл мерасониданд. Ҳол он ки аз рўи қонуни башар новобаста аз намуди ҷанг шахсони барҷомонда, занҳо, хурдсолону табибон, ки дар даст силоҳ надоранд ба қатл расонидан нодуруст мебошад.
Миллати соҳибфарҳанги тамаддундор, ки таърихан ба сари касе теғу камон набардошта, алайҳи ҳамсояе иқдоми номуборак наварзида буд, қасди ҷони якдигар карда шуд. Вале баъди гузаштани солҳо ва бастани истиқрори сулҳ низ ҳастанд тоифа шахсоне, ки то ҳол таъсири худро расонанд. Далелҳо бисёранд, сиру асрорҳо ошкор ва кушода шуда барои пешгирӣ ва бартараф кардани ин тоифа шахсон мақомот доимо дар ҳаракат аст. Аммо ҳастанд шахсоне, ки бо мақсадҳои ғараз тарки ватани худро карда, аз дуру наздик таъсирҳои кунди худро на бо предметҳои халандаву бурранда, яроқу аслиҳа, балки бо расонаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд расонидананд.
Ба монанди сомонаҳои «Ахбор. ком», «Қимёи саодат», «Рисолат. тҷ», “Паём.нет”, “Бомдод.ком”, “Гурӯҳи 24”, ки мо ин намуди муносибат ва таъсиррасониҳоро бо номи «кибер – ҷинояткорон» ё ин ки «кибер – террористон» меномем.
Ин моҳият махсусан ба масъалаи амнияти иттилоотӣ ва шаклҳои нави мубориза алайҳи кибертеррористӣ ва ҷараёнҳои дигари ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар хотима қайд бояд кард, ки чӣ хеле ки дар урфият мегўянд «гургзода оқибат гург шавад» ин аз он шаҳодат медиҳад, ки он тоифа шахсоне, ки дар асри 20 бо номи «босмачӣ» амал мекарданд ва охирҳои ҳамин аср бо номи «мухолифи»-ро гирифтанд ягон фарқияте аз террористу дигар намуди ҷинояткорон бо мақсад ҳам фарқ намекунанд, ки ангеза ва мақсаду сабаби онҳо як аст.
Кабирзода Г.Қ. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ