ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025: РОҲ БА СӮИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ ҶАҲОНӢ
Рушди иқтисоди рақамӣ омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва беҳбуди сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 Паёми ҳарсолаи худро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраи оянда муайян намуданд. Ин чорабинӣ дар бинои нави Парлумон дар Душанбе баргузор шуд ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиои миллӣ ба таври мустақим пахш гардид.
Президент рушди бемайлони иқтисоди Тоҷикистонро қайд намуда, зарурати диверсификатсия ва навсозии минбаъдаи соҳаи саноатро таъкид карданд. Оғози лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ки ба рушди инфрасохтор ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар нигаронида шудаанд, эълон карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди низоми тандурустӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти баланд бардоштани тахассуснокии кадрҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро таъкид карданд.
Нақшаҳои сохтмони мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар объектҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ эълон карда шуданд.
Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” эълон карданд.
Ташаббуси мазкур барои суръат бахшидани рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳавасмандгардонии иқтидори инноватсионӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт равона карда шудааст. Президент таъкид карданд, ки рушди иқтисоди рақамӣ омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва беҳбуди сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад. Дар доираи ин барнома татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ, дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва омӯзиши малакаҳои рақамӣ нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат пойбандии Тоҷикистонро ба принсипҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд тасдиқ намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалиро қайд карданд. Ба масъалаҳои амният ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар Паём масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба миён гузошта шуд. Президент ба иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои байналмилалии экологӣ даъват намуда, зарурати таҳияи барномаҳои миллии ҳифзи муҳити зистро таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти низоми идораи давлатиро бо ҳадафи баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти он муҳим арзёбӣ карданд. Тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва такмили заминаи ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд.
Сарвари давлат дар поёни суханронии худ изҳори итминон карданд, ки иҷрои нақшаҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба қуллаҳои нав бирасад ва мавқеъашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кунад.
Мустафоева Парвинахон Ҳасановна
ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ