Сарвари давлат – ҳомии Конститутсияи Тоҷикистони азиз

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат — ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат аст.

Конститутсия дар баробари он, ки санади муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, инчунин, қонуни олии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, замина ва сарчашмаи асосии эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Бори нахуст қабули конститутсия дар Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шуда, бо сабаби соли 1992 оғоз гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таҳияи лоиҳаи он ба таъхир афтод.

Хушбахтона, бо баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи Конститутсия аз нав оғоз гашта, бо қарори Шурои Олӣ аз 25-уми июни соли 1993, №836 бо роҳбарии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати нави комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва баъдан тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олӣ аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Минбаъд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми июни соли 1994, № 974 бо назардошти таклифу дархости мардум ва тавсияҳои мутахассисону донишмандон, пеш аз ҳама дастуру ҳидоятҳои гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 якдилона қабул гардид. Ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ  шинохта шуда, саҳми беназир ва нақши арзандаашон ҳамчун Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дарҷ гардид. Ҳамчунин, дар он хизматҳои бузурги тақдирсозашон баҳри аз парокандагӣ наҷот додани миллат, аз нестшавӣ нигоҳ доштани давлат ва аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудани халқ ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон саҳм гузоштан, таҷассуми қонунии худро ёфтааст. Бо назардошти он, ки халқи тоҷик тули беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ набуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик санади тақдирсозу ҳаётан муҳим буда, Рӯзи Конститутсия ҳамчун ҷашни давлатӣ аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30 – солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои нерӯҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд. Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.

Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард.

Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст.

Ниҳоди президент ҳамчун падидаи сиёсӣ — ҳуқуқӣ  дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдории мамолики ҷаҳон дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ  нақши  муҳим дорад, бахусус агар ба таърихи ташаккул ва рушди давлатдории Тоҷикистон назар андозем, дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон нақши ин ниҳод калидӣ арзёбӣ мегардад. Дар иртибот ба ин рӯзи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон, ки давлатро аз фаноёбӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, бо қадамҳои қатъӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, махсус иброз бояд намуд. Баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо таъмини сулҳу субот, сарҷамъ намудани миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об  шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар фарди бонангу номуси миллат аст. Амалӣ гардидани падидаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли идоракунии давлатӣ мақсади ташкили ҷомеаи демократии воқеӣ, устувории тартиботи конститутсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсонро дорад.

Шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз  таъмини ягонагии ҳокимияти давлатӣ, устувории низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мураттаби шохаҳои ҳокимиятро кафолат дода, ҳамчун арзиши конститутсионӣ бевосита таҳти ҳимояи Конститутсия қарор дорад ва аз ҳамин лиҳоз он баробари дигар арзишҳои конститутсионӣ, ба монанди тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад. Эътимоди баланди халқи Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат далели он аст, ки роҳи интихобнамудаи Сарвари давлат дар самти таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барҳақ дуруст аст. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».

Имрӯз мақсади ягонаи халқи давлати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Имрӯз ба Украина, Сурияву Ироқи ҷангзада менигарем ва сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо ато намуд. Ба ӯ қуввату ҷасорат дод, то ӯ ҳастии худро баҳри наҷоти миллат, ҳифзи марзу буми Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшид. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо ибтикори стратегии Пешвои миллат бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулоддаи сарварии Пешвои миллат ба ӯ имкон доданд, ки ниҳоди қавии Президентиро дар Тоҷикистон ташкил кунад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Аҳамияти амалӣ ва таърихии ташаккули ниҳоди президентӣ пеш аз ҳама, аз он иборат мебошад, ки он ҷараёни ҳаводиси фоҷиабори ҷомеаи тоҷиконро, ки ба як буҳрони бенизомиву беқонунӣ расида буд, ба фазо ва доираи қонун бозгардонд, ҳокимияти сиёсиву мудириятро, ки ҳам дар сатҳи амудӣ ва ҳам дар сатҳи уфуқӣ пурра фалаҷ шуда буд, аз нав барқарор намуда, асоси қонунӣ бахшид.

Итминони комил дорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, кафили истиқлолияти миллӣ, пойдориву бардавомии давлат дар таҳкими минбаъдаи давлатдории тоҷикон,  кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва шукуфоии Ватани маҳбубамон минбаъд низ саҳми бузург мегузоранд.

Ҳамаи ин баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварамон буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоянд, зеро ин заминаи асосии таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони кишвар мебошад.

Хӯҷаназарова М. И. – дотсент, мудири кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

 

You might also like