ПАРЧАМ ҲАМЧУН ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Парчами давлатии ҳар кишвар рамзи асосии давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандони он мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ҷойгоҳи шоиста дорад ва барои ҳар як фарди ватандӯст манбаи ифтихор ва сарбаландист.
Парчами кунунии давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Се ранги асосии он — сурх, сафед ва сабз — дорои маънои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ранги сурх рамзи шуҷоату ҷасорат, муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ аст. Ранги сафед рамзи покӣ, ростӣ, озодӣ ва ҳамзамон нишонаи нону ризқи муборак, яъне пахта ба шумор меравад. Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебои кишвар, наврӯзӣ, кишоварзӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Тоҷи тиллоӣ бо ҳафт ситора дар маркази он бузургвории давлат, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши мардуми тоҷикро барои расидан ба ормонҳои нек ифода мекунад.
Парчам дар дилҳои мардум эҳсоси эҳтиром, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор месозад. Ҳар боре ки парчам дар мактабҳо, майдонҳо, идҳо ва маросимҳои давлатӣ афрохта мешавад, ҳар нафар эҳсос мекунад, ки қисми ҷудонашавандаи миллати худ аст. Барои ҷавонон Парчам на танҳо як нишонаи давлатӣ, балки рамзи рӯҳбаландӣ ва пешрафт мебошад. Он онҳоро водор месозад, ки барои ободии кишвар ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ифтихор аз Парчам маънои эҳтиром ба таърих, анъанаҳо, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷиконро дорад. Шинохти Парчам ва маънои рамзҳои он ба худшиносии ҳар шаҳрванд мусоидат мекунад ва ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносиро тақвият медиҳад. Дар зиндагии ҳар миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки парчам ҳамчун рамзи ягонаи давлату миллат мардумро муттаҳид менамояд. Барои тоҷикон низ Парчам чунин нерӯи муттаҳидсозандаи миллӣ мебошад.
Дар замони муосир, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор, сулҳу субот ва ҳамгироӣ қадам мегузорад, Парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ, ормонҳои баланд ва ифтихори миллӣ бештар арзиш пайдо мекунад. Ҳар марди ватандӯст бояд ин муқаддасоти давлатиро дӯст дорад, эҳтиром намояд ва онро ҳамчун рамзи шарафу сарбаландии тоҷикон ҳимоя кунад.
Бо ифтихор ба Парчам мо ба Ватан муҳаббат, ба миллат садоқат ва ба ояндаи кишвар боварии қавӣ зоҳир менамоем. Парчами давлатӣ ҳамеша баланд афрохта бошад ва рӯҳи миллии мардуми тоҷикро ба сӯи дастовардҳои нав раҳнамун созад!
Парчам барои ҳар як миллат на танҳо як матои дорои рангҳо, балки рамзи ҳастӣ, ваҳдат ва пойдории давлат аст. Ҳамон гуна ки инсон бе ному насаб худро гум мекунад, миллат низ бе парчам симои худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи расмии соҳибихтиёрӣ ҷойгоҳи хоси худро дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз пайдо кардааст.
Дар тӯли таърих халқи тоҷик роҳи душворро тай кардааст: давраҳои ҷанг, фироқ, ноадолатӣ ва нобасомониҳои сиёсӣ борҳо сари ин миллат омаданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин озмоишҳо, тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз фарҳанг, забон, ифтихор ва ҳувияти миллии худ даст накашиданд. Парчами давлатӣ имрӯз нишони он аст, ки миллати мо тавонист мустақилияти худро эҳё кунад, давлатдории худро ташкил намояд ва бо пои худ устуворона ба пеш қадам занад.
Парчам дар баробари рамзи давлатдорӣ, инчунин рамзи ягонагӣ ва сулҳ мебошад. Вақте он дар болои биноҳои давлатӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва муасиссаҳои иҷтимоӣ парафшон аст, ба ҳар нигоҳкунанда паёми умед, итминон ва суботи кишварро мерасонад. Бахусус дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ — Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Ваҳдат, Рӯзи Артиш — Парчам ба як рамзи ҳамбастагии мардум табдил меёбад, ки ҳамаи Тоҷикистонро ба як хонадон табдил медиҳад.
Насли ҷавон бояд бидонад, ки парчам танҳо як рамзи зебо нест. Он масъулият низ дорад. Эҳтиром ба парчам маънои эҳтиром ба қонун, фарҳанг, меҳнат, илму дониш ва Ватанро дорад. Мактабу донишгоҳҳо вазифадоранд, ки ҳар хонандаву донишҷӯро бо таърихи парчам, маънои рангу нишонаҳои он ва аҳамияти давлатӣ шинос кунанд. Дар навбати худ, ҷавонон бояд ин муқаддасотро пос доранд, зеро ояндаи давлат аз онҳо вобаста аст.
Парчам инчунин дар арсаи байналмилалӣ симои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ҳар вақте варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ғолиб мешавад ва парчами кишвар дар майдон баланд мешавад, тамоми миллат бо эҳсоси ифтихор ашки шодӣ мерезад. Ин лаҳзаҳо нишон медиҳанд, ки Парчам қудрати муттаҳидсозанда дорад ва метавонад тамоми миллатро дар як эҳсоси ягона ба ҳам орад.
Имрӯз, вақте ба Парчам менигарем, на танҳо гузаштаи пурифтихор, балки ояндаи дурахшони кишварро мебинем. Парчам моро ба заҳмат, субот, ваҳдат, меҳнати содиқона ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Он рамзи орзуҳои неки миллат ва нишони роҳест, ки Тоҷикистон дар он қадам мегузорад.
Муродов М.К. – Муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ