Нақши паёми Пешвои миллат дар таҳкими саноатикунонии босуръати кишвар
Ба роҳ мондан ва татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.
Чуноне, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардид: “Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст”.
Бо кӯшишҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ намуда, дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо панҷ соли охир, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад.
Тоҷикистон кишварест, ки дорои захираҳои бойи табиӣ ва меҳнатӣ мебошад. Истифодаи ин сарватҳо барои бештар ҷалб намудани маблағгузории хориҷӣ, ҳамгироии бозори ҷаҳонӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷавҳари асосӣ мебошад.
Пешвои миллат дар паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: “дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд”.
Зикр гардид, ки танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Бинобар ин, Пешвои миллат зимни баромади хеш масъулини соҳаро музавваф намуданд, ки ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот, васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад.
Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим истифодаи тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кишвар, хусусан лоиҳаҳои хусусияти инноватсиониву навоваридошта, муҳиму саривақтӣ мебошанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳу сифати нав баровардани иқтисоди миллӣ ва беҳзистии шаҳрвандон мебошад. Ин ҳадаф дар коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсоли ватанӣ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро ҳамасола маҳсулоти тайёри металлургияи сиёҳ ва ранга, нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишвориву молиданӣ, автобусҳо ва автомобилҳо, техникаи маишӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ғайра дар ҳаҷми зиёд ба мамлакат ворид мешаванд. Бинобар ин, ба андешаи коршиносон, фаъолият дар ин самтҳо бояд тақвият бахшида шавад. Илова бар ин, андешидани тадбирҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва тақвияти иқтидори технологии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мегарданд.
Шамсиев Фурқат Каримович,
дотсенти кафедраи менеҷмент