Нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фарҳанг ва илму маориф
Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, маҳз шахсиятҳои бузурги таърихӣ новобаста аз вазъи замонаи худ, барои рушди фарҳанг ва илму маориф ҳиссагузор буданд, ки аз тамаддунсозу фарҳангофар будани халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Бояд хотирнишон сохт, ки ҳамасола моҳи декабр паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардида, дар он дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ мегардад.
Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан ва минбаъд ба тариқи райпурсиҳои умумихалқӣ ба вазифаи Президенти кишвар интихоб гардидан, ба масъалаҳои рушди фарҳангу илму маориф диқкати ҷиддӣ дода, кишварро аз вартаи нестӣ бароварданд. Тавре ки бузургон гуфтаанд:
Бе маориф набошад пояи давлат устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, дар замони муосир бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи дар соҳаи илму маориф ислоҳот гузаронидан, оид ба илму маориф дар кишвар низоми сифатан нав ба амал омад. Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми давлатдории навин низоми илм ва маорифро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор доданд.
Дар паёми имсола низ Президенти кишвар ба масъалаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, қайд карданд: «Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Барои боз дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон музди меҳнати соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз он ҷумла илму маориф 30фоиз зиёд карда шуд. «Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад».
Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд».
Дар ҳақиқат, дар замони муосир рушди маориф аз иҷрои стратегия ва барномаҳо вобастагӣ дорад, ки дар паёми навбатӣ чунин омадааст: «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд». Аз паём маълум гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани камбудиҳо ва душвориҳо дар соҳаи маориф чорабиниҳоро амалӣ мегардонад. Дар ин хусус, Эмомалӣ Раҳмон чунин ироа карданд: «Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад. Мо соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намудем ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ додем. Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад. Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».
Ҳамин тариқ, дар паёми навбатӣ аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози ақида карда ва стратегия рушд дар соли 2025 муайян карда шуд.
Мо, омӯзгорон баҳри татбиқи супоришу вазифагузории Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш намуда, барои омода кардани мутахассисон соҳибтахассус саҳми худро мегузорем.
Ҳамидова Манзура Маҳмудовна
номзади илмҳои таърих