Агар роҳи наҳзат роҳи рост мебуд…
Тибқи моддаи якуми Конститутсияи мамлакат, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти кишвар дари масҷиду мадрасаҳо барои намозгузорону толибилмон боз гардид. Давоми 70-соли замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони мо аз ҳуқуқҳои динии худ бархурдор набуданд. Дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост ба ҳисоб меравад ва барои тарғиби он ҳизбу ҳаракатҳои ба ном динӣ шарт нест. Аммо ТЭТ ҲНИ аз номи дин аз аввали солҳои 90-ум моҳирона истифода бурд ва то андозае ба ҳадаф расид.
Пӯшида нест, ки мақсади асосии ҳизб – ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИ низ ташкили «давлати ба ном исломӣ» буд, ки бар хилофи қонунгузории мамлакат буд. Агар аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд, чунин корҳои ношоиста ва амалҳои номатлуб аз ҷониби онҳо доир намегашт. Саҳнаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ дар филми мустанади “Хиёнат” бо фактҳои дақиқ пеши назари бинанда оварда шуд, ки ҳамаи моро ба ҳайрат овард. Аз номи дин сӯистифода намуда, бар муқобили он ҳаракат кардани наҳзатро бо чашми худ дидем. Мутаассифона, маҳз мазкур боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гардид. Аммо ин гурӯҳи ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд.
Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ТЭТ ҲНИ рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ печидааст. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои интернетӣ роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ ваъдаҳои зиёде дода ҷавононро гумроҳ карданианд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд.
Мо омӯзгорну аҳли зиёи мамлакат ҷавонону наврасонро бояд дар руҳияи ҳифзи истиқлолият, арзишҳои милливу динӣ ва амнияти сартосарии мардум тарбият намеем. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азизи мо раъю андешаи солим дошта бошанд.
Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ