Дастовардҳои шодбошӣ аз Паёми сарвари давлат
Санаи 28.12.24 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, энергетика амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маъориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур донист, ки дар шароити имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Зимни баромад сарвари кишвар аз дастовардҳои замони соҳибихтиёрии кишвар дар самтҳои мухталифи ҷомеа ёдовар гардида иброз намуд, ки Истиқлолияти давлати осон ба даст наомадааст. Мо бояд ҳамеша зиракиву ҳушёрии худро вусъат бахшида, барои дастовардҳои оянда кўшиш ба харҷ диҳем.
Чуноне, сарвари давлат қайд намуданд, ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амали намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Бо баробари ташвишовар будани ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат кўшиш менамоянд, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва қонеъ гаштани талаботи моддӣ ва маъвии мардум ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Президенти кишвар Эмомали Раҳмон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои ҷамъиятӣ» зарур шуморид, шумораи санҷишҳо маҳдуд карда шавад.
Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ супориш дода шуд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқ» ва санадҳои меёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Чун ҳамасола Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа, идомадиҳандаи насли калонсол номида, қайд намуданд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Роҳбари давлат ҳамеша нисбати зан, модар назари баланд дошта дар ҳар як баромадҳои худ аз он ҷумла Паёми солана мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Дар охир Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон изҳор намуданд, ки барои пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани азизамон, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии ҳар як мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд саъю талош намоем.
Қодирова Моҳинисо Дадоҷоновна,
муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ