ПАЁМ-РОҲНАМО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

“Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.

Имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳо фаъол мебошанд, зан модари тоҷик дипломат, сиёсатмадор, соҳибкор, омӯзгор, муҳандис, барномасоз буда, фаъолияти кории худро бо нигаҳдошти арзишҳои миллӣ пеш бурда истодаанд.

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад. Санаи 28-уми декабри соли 2024  чун анъана Паёми сарвари давлат, ки фарогири самтҳои фаъолияти дохилию хориҷӣ, дурнамои рушд, дастовардҳои кишвар мебошад, ироа гардид.

Паёми роҳбари давлатро тамоми қишрҳои ҷомеа бесаброна интизор мешаванд ва дар саросари кишвар тамошои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад, дар Паёми навбатӣ тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди он гардиданд, ки нисбат ба солҳои гузашта нишондиҳандаҳои оморӣ хеле баланд гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки новобаста аз ҷангу моҷароҳои байни кишварҳои пешрафта, Тоҷикистон бо роҳбари ташаббускору созандааш рушду равнақ ёфта истодааст.

Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири масъалаҳои муҳими фаъолияти дохилию хориҷии кишвар, ба монанди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи захираҳои саёҳии кишвар, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, рушди соҳаи маориф, саҳми бонувон дар соҳаи мухталиф, рӯ овардан ба иқтисодиёти рақамӣ ва системаи пардохти ғайринақдӣ, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ниёгон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳояшон саҳми бонувонро дар тарбияи насли наврас, дар пешбурди фаъолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. Хусусан саҳми занону бонувон дар соҳаи маориф бештар буда, 73 фоизи кормандони соҳаи зикршударо занону бонувон ташкил медиҳанд. Чунин таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи маориф мо омӯзгоронро руҳбаланд сохта, қувваю неруи бештар мебахшад.

Имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳо фаъол мебошанд, зан модари тоҷик дипломат, сиёсатмадор, соҳибкор, омӯзгор, муҳандис, барномасоз буда, фаъолияти кории худро бо нигаҳдошти арзишҳои миллӣ пеш бурда истодаанд. Нисбат ба дигар субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ таваҷҷуҳу дастгирии давлату ҳукумати кишвар нисбат ба ин қишри фаъоли ҷомеа сазовори баҳои баланд мебошад. Зан модар дар фарҳангу арзишҳои миллии кишвар ҷойгоҳи баланд дорад. Чихеле, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ирбоз доштанд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.

Бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат сол аз сол обруву эътибори байналхалқии Тоҷикистон баланд гашта истодааст. Боиси ифтихор аст, ки то ин дам як қатор ҷашнҳову арзшиҳои миллиамон хусусияти байналхалқиро касб намудаанд. Инчунин роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки маводҳои зарурӣ барои таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

Инчунин, дар Паём зикр гардид, ки ҳадафи олии кишвари азизамон ва ҳукумати давлатамон пеш аз ҳама таъмини амнияти миллӣ, равнақи иқтисодӣ ҳамчунин сатҳи шоистаи зиндагии мардум иборат мебошад. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мунтазам беҳтар таъмин намудани шароити зисту зиндагонии мардум, аз ҳамаи захираҳои давлат истифода намуда дар ин самт нақшаҳои бузургро роҳандозӣ намуда истодааст. Исботи ин гуфтаҳо аз он иборат мебошад, ки сатҳи камбизоатӣ торафт паст шуда, дар панҷ соли охир маоши кормандони соҳавӣ дар ҳаҷми сад фоиз зиёд карда шудааст. Инчунин нафақа ва стипендияҳо низ зиёд гаштааст. Дар бобати масъалаҳои зикршуда аз ҷониби сарвари давлат ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, вазоратҳо, идораҳо, ба иҷроиши саривақтӣ ва босифат дар иҷроиши нақшаву барномаҳои қабулшуда вазифагузорӣ карда шуд. Дар ин ҷода аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешниҳоди лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои соли 2026-2030” ба вазири Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид карда шуд. Бо баробари ин вазорати молия, бонки миллӣ, кумитаи андоз, хадамоти гумрук, агентии иноватсия ва технологияҳои рақамиро вазивадор намуданд, ки истифодаи технологияи муосири рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷети ва хизматрасониро таъмин намоянд. Маҳз чунин вазифагузориҳо барои таъмини шаффофияти корҳои номбурда ва пешгирии коррупсия мусоидат менамояд. Бо баробари ин гуфтаҳо Пешвои муаззами миллат ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, рушд додани инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди бозомӯзии кадрҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар, маърифати истифодаи технологияи рақамӣ, таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва рушди савдои электронӣ солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва иноватсия” эълон намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки корҳои сохтмонии НБО Роғун панҷоҳ фоиз ба анҷом расидааст ва мутобиқи нақша ва дурнамои рушд соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад,

Инчунин дар Паём ироа гардид, ки агрегатҳои неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” низ пурра аз нав сохта шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  маблағгузориҳо ва мунтазам чораҷӯйиҳои  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Дар ин самт кишвари мо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкорӣ дорад. Нишондиҳандаҳо тақозо менамояд, ки Тоҷикистон дар соли 2027 норасоии неруи барқро дар давлат бартараф намуда ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, сарвари давлат барои андешидани тадбирҳои муассир дар самти бартараф кардани муаммоҳои барқ роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомиии Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳамчунин сарвазири мамлакат, вазири энергетика ва дигар идораҳоро вазифагузорӣ намуданд.

Президенти кишварамон, Пешвои миллат доир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Таъкид карданд, ки яке аз рушди сиёсати иқтисодӣ сайёҳӣ мебошад, бинобар ин барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри равнақи сайёҳӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Инчунин дар соҳаи маориф муқоиса карда шуд, ки агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.[1] Ин нишондиҳандаҳо хеле баланд аст ва барои ҳамин ҳам Ҷаноби олӣ баҳри рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар давоми суханронӣ Роҳбари давлат оид ба фарҳанги миллӣ низ эътибор ҷиддӣ зоҳир намуда, барои рушди фарҳанг инчунин бартараф намудани камбудиҳо ва норасоиҳо ба Вазорати фарҳанг ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд. Ба андешаи Пешвои миллат фарҳанг-ҳастии миллат аст, агар фарҳанг заиф гардад, ҷояшро фарҳанги бегона гирифтанаш мумкин. Дар ин самт баҳри рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2000-ум 13 миллион сомонӣ, дар соли 2024-ум бошад 1 миллиарду 716 миллион сомонӣ аз буҷети давлат маблағ ҷудо карда шудаст.  Дар давоми 33 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи театр 18 адад, қасри фарҳанг 50 адад, мактаби санъат 14 адад, китобхона 126 адад, боғи фарҳанг 61 адад ва осорхона ба 20 адад расид, инчунин Китобхонаи миллӣ сохта шуд, шабакаҳои телевизионӣ ташкил карда шуд, зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии дараҷаи байналмилалӣ аз нав таъмир карда шуда айни ҳол ба халқи Тоҷикистон хизмат намуда истодааст. Сарвари давлат барои истеъдодҳои наврасон ҳадди ақал як мактаби мусиқиро сохта ба истифода доданро ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супоришҳо доданд. Чӣ хеле, ки Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар кишвари мо истеъдодҳои наврасу ҷавон хеле бисёр, мо бояд дар ин ҷода низ корбарӣ намуда, фарҳанги миллиро ғанӣ намоем ва дар ин самт ҳар яки мо саҳмгузор бошем, зеро дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ санъати волои Тоҷикистонро нишон дода, тамаддуни ниёгони бузурги аҷдодон исбот намуда, аз он ифтихор намоем.  Аз ин лиҳоз, азизони дил дар ҳама ҷода сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда баҳри рушду равнақи Ватани азизамон ҳамеша пешсаф ва намунаи ибрат барои насли наврасу ҷавон бошем.

Мирмаматова Райҳона Абдурасуловна,

муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like