Паёмҳои Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маорифи миллӣ

 Аз соли 2000-ум то 28 декабри соли 2024 – 26 Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардиданд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ арзёбӣ гардида, дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қутбнамои рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.

Маъмулан дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат дастоварду комёбиҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҳлилу баррасӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда мушаххас мегарданд. Ин санадҳои тақдирсози миллати тоҷик аз лиҳози муҳимияти иҷтимоиву сиёсӣ дар таърихи наву навтарини давлатдории миллиамон тавъам бо воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ироа гардидаанд. Агар ба моҳият ва рисолати таърихии Паёмҳои Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат – Пешвои муаззами миллат назар афканем, возеҳу равшан дармеёбем, ки ҳамагӣ пайғому нусратҳои тоза, ташаббусҳои беназири созандагиву бунёдкориҳо, тантанаи хираду адолат, дўстию рафоқат ва некию накукориҳо, инсонгароӣ буданду ҳастанд ва минбаъд низ хоҳанд буд. Зеро, ҳар марҳилаҳои фарогирандаи ин асноди  сарнавиштсози миллат тавъам бо рўйдодҳо ва дастовардҳои наҷиб дар ҷабҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ироа гардида, дар таърихи давлатдории навтарини тоҷикон чун марҳилаҳои пурфайзу бобарор, солҳои пур аз рўйдодҳои бузург, созандагиву бунёдкориҳо,  тараннуми хиради воло, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ташаббусҳои беназир дар самти густариши фарҳанги миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, равобити судманди хориҷӣ, дастовардҳои азим дар ҷодаҳои муаррифии миллати тоҷик ва ҳунару фарҳанги волои аҷдодӣ дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои беназир дар мубориза бар зидди хатарҳои таҳдидкунанда ба инсоният, муборизаҳои беамон алайҳи таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмор ва савдои одамон, даъват ба ҳамзиштии осоишта, таъмини некуаҳволии мардум ва ғайра дар таърихи давлатдории навин нақши муассир ва ҳалкунанда гузоштаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар Паём ба ҳайси раҳнамо ва ҳидоятгари имрўзи обод ва фардои дурахшони мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои муҳими рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишварро дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ мушаххас ва равшан месозанд. Паём василаест, ки рисолати таърихии худро пас аз ноил гардидан ба ваҳдати комил ва  устувории сиёсӣ возеҳу равшан дар таҳкими ҷанбаҳои пешрафти устувори кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон ба сомон мерасонад. Маҳз дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷомеаи моро ҷониби ояндаи ободу осуда ва дурахшон раҳнамун месозанд.

Сарвари давлат дар ҳар Паём баробари соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар соҳаи маориф ва илмро мушаххас мавриди таҳлилҳои амиқу мустанад қарор дода, дар самти тарҳрезӣ ва татбиқи ислоҳоти соҳа хидмати мондагор ба сомон расониданд ва мерасонанд. Таваҷҷуҳи пайваста ва ҷиддии Роҳбари мамлакат ба ин соҳаи калидии ҷомеа мебошад, ки низоми маориф ва илми кишвар имрўз марҳилаи муҳими ислоҳот ва таҳаввулотро паси сар менамояд ва баҳри идомаи босамари ин раванд Ҳукумати мамлакат дар партави сиёсати фарогиру дурнамои давлатӣ тадбирҳои муҳим ва саривақтиро амалӣ менамояд. Маҳз дар Паёми нусратбори Роҳбари давлат соҳаи маориф ва илм аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шуда, ба рушду такомули он таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад ва аҳли маорифи кишвар дар партави Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини иҷрои рисолати бузурги касби омўзгорӣ –  роҳандозии самараноки таълиму тарбия бо назардошти манфиатҳои давлату Ҳукумат, пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, арзишҳои маънавию ахлоқӣ саъю талош менамоянд.

Воқеан, дар ҳама давру замон маориф барои рушд ва такомули сармояи инсонӣ мақоми шоиста дошта, сатҳ ва дараҷаи тараққиёти давлат ва пешрафти ҷомеа аз сатҳ ва сифати саводнокӣ ва маърифатнокии ҷомеа вобастагии зич дорад. Дар робита ба ин, рушди сармояи инсонӣ ва сифатнокии он бо рушди маорифу маънавиёт ҳамбастагии зич дошта, дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва шоиста роҳандозӣ менамояд. Аз ин рў, Сарвари давлат дар баробари масоили рушди маориф ба мақом ва манзалати омўзгор дар пешрафти ҷомеа баҳои шоиста дода, дар Паёми худ ҳамеша масъалаи мазкурро таъкид ва хотиррасон менамоянд.

Аз соли 2000-ум то 28 декабри соли 2024 – 26 Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардиданд. Бо мақсади таъмиру бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва кадрии онҳо, ташаккули фарҳангу маънавиёти таълимгирандагон ва умуман ҷомеа то кунун марҳила ба марҳила силсилаи санадҳои меъёрӣ, Консепсия, Стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул ва роҳандозӣ шуданд ва шуда истодаанд.  Паёмҳои Пешвои миллат ба ҳайси дастуру раҳнамо дар танзими меъёрии соҳаи маориф низ нақши муассир доранд. Дар доираи санадҳои зикршуда, то кунун заминаҳои моддию техникӣ, кадрӣ ва  иҷтимоию иқтисодии соҳаи маориф муназзам такмилу тақвият дода шуда, баҳри фарогирӣ ба таҳсилот шурўъ аз зинаи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рақамикунонии соҳа тадбирҳои муассир рўи кор омаданд ва омада истодаанд. Таҳаввулоти соҳаи маориф ҷараёни бемайлони рушд касб намуд.  Барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва  хориҷи кишвар стипендияҳои Президентӣ таъсис ва ба хотири мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳа, баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникӣ соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардид. Аз рўи нишондиҳандаҳои вусъати афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаи маориф тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ кишвари мо ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад ва “дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”. Дар ин росто ба масъалаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, такмили муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим ҳамчун омили муҳими самаранокии фаъолияти соҳа эътибори ҷиддӣ равона гардид.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар паёмҳояшон ироа гардиданд, чорабиниҳои  мухталифи таърихиву сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо хатҳои заррин сабт гардиданд, рўйи кор омаданд. Рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва маданиву фарҳангӣ ба монанди таҷлили 10 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), таҷлили 2500-солагии Истаравшан (2002), эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), таҷлили 10- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), эълон гардидани Соли оила ва гулҳо (2005), таҷлили 2700 – солагии шаҳри Кўлоб, Соли тамаддуни Ориёӣ (2006), 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150 – солагии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва 100 – солагии аллома Бобоҷон Гафуров (2008), Соли забони тоҷикӣ (2008),  Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), Соли маориф ва фарҳанги техникӣ (2010), 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), 20 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Соли роҳҳои обод (2014), Соли оила (2015), Соли фарди солим (2016), Соли ҷавонон (2017), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Бистсолаи  омўзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040), таҷлили бошукўҳи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), ба муносибати сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва ғайра аз зумраи тадбирҳои муҳиманд, ки дар партави Паёмҳои Роҳбари давлат дар самти тарбияи ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллию ватандорӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ бо ибтикороти бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  роҳандозӣ гардиданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ эҳё гардидани ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан, татбиқи ташаббусҳои кишвар дар самти об, аз ҷумла дар таърихи бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардидани татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвар дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо пешниҳоди Тоҷикистон дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардидани ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ аз зумраи пайғомҳое буданд, ки Роҳбари давлат ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон дар паёмҳои худ мужда расониданд. Соли 2022 бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ин падидаи муҳими ҷаҳониро Роҳбари давлат дар якчанд суханрониҳои худ бо ифтихору сарфарозӣ зикр намуданд. Давре иттилоъ дода шуд, барои мисол, танҳо соли 2023 бо пешниҳоди кишвари мо 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин гуна ташаббусҳои фарҳангпарварона баҳри муаррифии бештари фарҳангу тамаддуни аҷдодии мо дар арсаи байналмилалӣ ва байни ҷомеаи башарӣ заминаҳои мусоиду устувор муҳайё месозанд. Дар Паёми имсола низ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг вазифадор гардиданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ нашр ва ба ҳар як оилаи кишвар ройгон ҳадя шудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, таъсису бунёдгузорӣ ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурўғи маърифат” ва дигарон аз зумраи иқдомҳои бузургу беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ва тарғиби арзишҳои волои фарҳангии аҷдодони соҳибтамаддун арзёбӣ мешавад, ки муждаи фараҳбахши онҳо аз паёмҳои Роҳбари давдат маншаъ мегиранд.

Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, «дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Ба тариқи намуна, санаи 23-юми ноябри соли 2024 маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки намояндагони вилояти Суғд дар даври ниҳоии озмун соҳиби 29 ҷой, аз ҷумла 5 мақоми аввал, 11 мақоми дуюм, 13 мақоми сеюм ва 30 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.  Аз ин теъдод 15 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 нафар синфҳои 1-4 ва 10 нафар хонандагони синфҳои 5-11, 5 нафар донишҷӯ, 9 нафар омӯзгор ва намояндагони  касбу кори гуногун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар ин баробар 30 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. 15 нафар волидайн бо нишони “Маърифатпарвар” ва 22 нафар омӯзгор бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Боиси ёдоварист, ки соли 2023 намояндагони вилояти Суғд дар даври ниҳоии озмуни мазкур соҳиби 27 ҷой гардида буданд.

Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат бо мақсади иҷрои барномаи давлатии соҳаи томактабӣ  роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад. Пешвои миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30% зиёд карда шавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии насли ояндасоз мебошад. Ҳамчунин масъулин вазифадор гардиданд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд». Бо назардошти рўз аз рўз афзоиш ёфтани талабот ба мутахассисони дорои касбияти баланд ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисӣ роҳандозии омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ зарур дониста шуда, дар ин самт андешидани тадбирҳои қатъиро ба сохторҳои дахлдор супориш доданд. Ин ҳама ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар самти тарғибу густариши фарҳанги миллӣ, маънавиёти ҷомеа, аз ҷумла рушду такомули соҳаи маориф аз мо – омӯзгорон тақозо менамояд, ки дар иҷрои рисолати пуршарафи касби омўзгорӣ боз ҳам масъулияти бештар дошта бошем. Ҷавобан ба ҳамаи ин дастгириву пуштибониҳо, роҳандозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат наслҳои созандаи имрўзу ояндаро тарбия намоем, паёмҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору фаъолияти касбии хеш қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои ироашуда саъю талош варзем. Зеро Паёми Сарвари давлат ба ҳайси роҳнамои фаъолияти ҳамарўзаи аҳли маориф хизмат намуда, барои расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҳар яки мо – кормандон ва масъулини соҳаи маориф тақозо мешавад, ки дар иҷрои рисолати касбии хеш собитқадам, бо дастовардҳои назаррас дар пешрафту ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем ва дар ин ҷодаи пуршараф тамоми саъю талош ва маҳорату малакаи касбии хешро равона менамоем.

Рустамов Шавкат Раҳимович,

н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи

забони тоҷикии ДДҲБСТ

 

You might also like