Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва оқибатҳои он
«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хуллас, ояндаи миллату давлат мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Имрӯзҳо гурӯҳҳои номатлуби ифротгаро ҳамин қишри ҷомеаро мехоҳад ба гурӯҳҳои номатлубу иғвогар шомил намуда, ба тори анкабути худ гирифтор намояд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.
Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.
Дар замони муосир истифодабарандагони асосии шабакаҳои иҷтимоиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо бо роҳҳои таблиғотӣ мехоҳанд сафи хешро боз ҳам зиёд намоянд, новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои номатлуб маҳкум менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба чунин зуҳуроти номатлуб бештар ҷавонон гаравиш доранд, ҳол он ки “ҷавонон ояндаи миллат ва давлат” ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони соҳибистеъдод ва хушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро доғи дили падару модар, дарди ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.
Мо имрӯз шоҳиди он гардида истодаем, ки бархе аз ҷавонони гумроҳи мо низ, ки аз таъриху фарҳангӣ худ хуб огоҳ нестанд, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои иттилоотию таблиғотӣ ба доми ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ афтода, даст ба ҷиноятҳои гӯшношунид мезананд.
Ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ на танҳо ба инсоният, балки ба рушди тамаддуни аҳли олам низ таъсири амиқи манфӣ расонида истодаанд. Бо дасти ин гуруҳҳои тундгаро садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодакунандаи таърихи ҷомеаи ҷаҳонианд, вайрон карда шудаанд.
Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр корҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ба сомон расида истодааст. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани озмунҳои гуногуни илмию варзишӣ ва адабӣ, ки сатҳи маърифатнокии ҷавонон баланд гардида, некиро аз бадӣ фарқ намоянд ва мақсади нопоки гуруҳҳои ифротиро дарк намоянд.
Аксарияти ҷавонони ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомилшавандаро ҷавононе, ки аз таъриху фарҳанги қадимаи тоҷик бехабар мебошанд ташкил медиҳанд.
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа ҷавонон бояд муттаҳид бошанд, бар зидди ҷинояткорӣ якҷоя ва дастҷамъона мубориза баранд, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Бинобар он ҷавонон бояд пайрави ҳамешагии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Ҷӯраев Ғ.Ғ. – муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ