Паймоншиканон хиёнаткорони давлатанд!
Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро соли 1997 бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд.
Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки суиистифодаи дин аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ метавонад ба нобудии давлату миллатҳо оварда расонад. Намунаи чунин сӯистифода шудани дин бо мақсадҳои сиёсиро мо аллакай дар таърихи Тоҷикистони муосир дар мисоли фаъолиятҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ шоҳид гардидем.
Имрӯз ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад. Имрӯз пурра собит шудааст, ки ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом бо “ҳидоят”-и хоҷагони хориҷиаш аз оғоз нақшаи барҳам задани давлати тоҷиконро доштааст.
Аммо дар ҳамон солҳо иддае аз мардуми гумроҳ ба даъватҳои дурӯғини наҳзатиён бовар карда буданд, гумон мекарданд, ки ҳизби наҳзат ҳомии дини ислом аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин гурӯҳи ифротии ба ном “исломӣ” аз таълимоти асосии инсондӯстии дини ислом ҳеҷ баҳрае нагирифтааст. Нафароне, ки ба ин гурӯҳ мепайванданд, бешак хиёнат ба ватану миллати худ кардаанд. Зеро бо пайравӣ ба ТЭТ ҲНИ онҳо дар татбиқи барномаҳои шуми ин ташкилоти террористӣ, ки ҳадафи он барҳам задани давлати мустақили тоҷикон мебошад, шарик мебошанд. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза падидаҳои номатлубе пайдо шудаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатардор мебошанд. Яке аз ин падидаҳо гурӯҳҳои терористии ДИИШ, Ҳизбуллоҳ, Ихвонулмуслимин, ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ мебошанд. Чанде пеш дар Ҷумҳурии Арабии Миср Конфронси ҷаҳони уламои мусулмон доир гардид, ки дар он ҳамаи муфтиён ва уламои мусулмони кишварҳои мусулмонӣ ТЭТ ҲНИ-ташкилоти террористӣ эътироф карда, сармоягузорони онро душмани башарият хонданд.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ