Бохти дандоншикани паймон
Тибқи маълумотҳое, ки дар сомонаи интернетии ҷойгир карда шудааст роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба муносибати соли нави 2021 табрикоти пур аз дурӯғ ва фиребу найранги худро овард.
Ў чунин иброз намуд, ки соли 2020-ро ў ҷамъбасти як даҳсола меҳисобидааст, на ҷамъбасти як сол. Аз гуфтаҳои дурўғ ва пур аз фиреби ў фаҳмидан мумкин аст, ки гўё Тоҷикистон то соли 2010 тараққи ёфтаасту баъди соли 2010 рўй ба тараққӣ наовардааст. Ин ҳама суханҳои ў дурўғ ва пур аз фиреб мебошад. Зеро дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба бисёр комёбиҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Бо расидан ба мақсади стратегия Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ намуд ки сохтмонӣ роҳҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба созмон диҳад. Изофа аз ин барои расидан ба истиқлолияти энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нерўгоҳҳои обии барқиро таҷлил дод.
Ногуфта намонад барои расидан ба ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нерўгоҳи барқии обии Роғун сохта шуда истодааст, ки ҳоло дуюмин агрегати ў ба кор шурўъ намудааст. Барои расидан ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии мо заминҳои кишоварзӣ барои сатҳи иқтисодии мардуми тоҷикро бардоштан ва кам кардани муҳоҷирони меҳнатӣ тақсимоти замин карда шуд, ки сатҳи камбизоатии мардумро кам кард. Аз ҷониби халқи тоҷик заминҳои тақсимкарда хоҷагии деҳқонии алоҳида ташкил карда шуд, ки ҳар як оила метавонад бо меҳнати ҳалоли худ сатҳи зиндагии худро боло бардорад. Се стратегияи муҳими аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида ҳадафи худро ёфтаанд. Ҳоло саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст, ки ин ҳама тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон чунин иброз намуд, ки гўё дар муқоиса аз соли 2013 ва 2020 буҷети давлат ба ивази баланд рафтанаш ба сатҳи паст рафтааст ин ҳама дурўғ ва пур аз фиреб мебошад. Зеро дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи ин солҳо даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда муқоиса аз соли 2013 ба 45 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуд.
Хулоса мо, худ шукри соҳибистиқлолии ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро менамоем, ки чунин роҳбари ғамхору дилсўз, адолатпарвару миллатдўст ба монади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва сиёсати арзандаи он шахсро дастгирӣ менамоем. Ва намегузаронем, ки душманони миллат ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Паёми роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон лаънати Кабирӣ ба муносибати соли нави 2020 ин ҳама табрикоти пур аз дуруғ ва фиребу найранг мебошад ў душмани мардуми тоҷик аст ва намехоҳад, ки мардуми тоҷик дар давлати орому осуда бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушу хурсандона зиндагӣ намояд. Лекин мо ҷавонони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоед.
Қодирӣ А.Ҳ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ