Бар муқобили зуҳуроти номатлуб якҷоя бошем

Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ мардуми мамлакат ободу озод аст. Дар навбати худ таъкид намудан ҷоизи имкон аст, ки ба ҳамин рӯзҳо ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари сулҳофари кишварамон ба чунин натиҷаҳои мусбӣ ноил шуда истодаем. Ин шароити хубу фароҳам ва ободиро аз самараи меҳнати ҳалоли мардуми мамлакат дар асоси ин тинҷу оромии кишварро дида мешавад. Вале имрӯз дар байни ҷомеаи мо низ душманони миллат вуҷуд доранд, ки онҳо бо истифода аз соддагии мардум мехоҳанд мамлакати моро ноором созанд.

Ба ин мисоли оддӣ як гурӯҳ роҳгумкардагони тоҷик дар давлатҳои Аврупо мебошад. Ин паймони миллие, ки дар Варшава ба ном таъсис дода шудааст, террористӣ буда, хусусияти ғаразнокро ба идеологияи мардум ворид карданист. Бинобар ин, дар мақоли халқӣ омадааст “бори каҷ ба манзил нахоҳад расид”. Яъне, ақидаҳои ғалати ин шахсиятҳо ба зери чоҳ афтида худ шармандаву гурезаи берун аз давлат хоҳад монд.

Таъкид ҷоиз аст, ки ифротгароӣ, бадбинӣ, душманӣ шиори ин шахсиятҳо буда, худ гумроҳу шармандаи дигаронанд. Мушоҳида мешавад, ки бо фаъолияти хоинона ҳар як аъзои гурӯҳ имрўз ба сўи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани мардуми тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ў худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Дар навбати худ таъкид ҷоиз аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба дасисаву тӯҳматҳои ин душманони миллат, Паймони миллӣ  бовар накарда, ҳамеша муқобили инҳо баромад хоҳад кард. Бар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ дастҷамъона мубориза мебарем.

Ҳайитбоева Н.А. – н.и.и., дотсенти кафедраи

 иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like