Гӯсолаҳои наҳзатӣ дар чарогоҳҳои Аврупо
Мувофиқи маълумотҳои шабакаҳои иҷтимои намояндагони ташкилоти экстремистӣ – террористии Ҳзиби наҳзат дар Аврупо ҷамъ омадаанд. Мақсад аз ҷамъ омадани намояндагони ТЭТ ҲНИ дар ин минтақаи чунин мебошад, ки онҳо мехоҳад симои сохти конститутсионии Тоҷикистонро дар назди Ғарбиён бадном созанд ва маблағ гиранд. Ин ҳам як бозии навбатии наҳзатиён аст, ки мехоҳанд дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон нақши худро гузоранд. Ҳар як наҳзатӣ, ки имрўз ба сўи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани миллати тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ў худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.
Новобаста аз ин намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ бо овози баланд аз минбарҳо суханронӣ намуда, аз чунин созмонҳои террористӣ ва гуруҳҳои тундрав пуштибонӣ менамояд. Бо ин амалҳои худ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун ҳимоятгарӣ муҳоҷирони сиёсӣ дар хориҷи кишвар муаррифи менамояд. Бар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки фаъолони ТЭТ ҲНИ ҳамчун хоинони миллат пас аз кўшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 ва ноком гаштан, сараввал дар кишварҳои ба ном исломӣ ва сипас рў ба ғарб оварданд. Айни ҳол бо ақидаҳои ба истилоҳ «меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ» дар Ғарб алайҳи миллат баромада намуда, кўшиш ноором намудан вазъиятро дар минтақа доранд.
Аз ин рў ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишварро зарур аст, ки барои хунсо сохтани мақсадҳои наҳзатиён сарҷаъмона мубориза бурда, ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Аҳли зиёи ҷомеа, ҳамчун пешбарандагони сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд.
Қаюмов Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ