Андешаи солим бояд дошт
Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикиcтон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд.
Дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад. Ислом дини озодӣ, ростӣ, инсондўстӣ ва покӣ мебошад. Агар имрўз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд. Мутаассифона, аъзоёни ин ҳизб дар ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва табаддулоти давлатӣ даст доштанд. Фаъолият ва пинҳонкориҳои аъзоёни ин ҳизб таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварданӣ буда ва хушбахтона бо қарори Суди олии мамлакат фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид.
Мо дар ин радиф дар роҳи тинҷу оромию давлатамон ба даъвати Сарвари мамлакатамон ҳамроҳ шуда, ҳамчун яке аз аъзои ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки барои Тоҷикистони имрўзаи мо дигар кашмакашиҳо, бесарусомониҳо зарур нест. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба мисоли ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ муборизаи беамон барем.
Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ