Рақсидани наҳзатиён зери нақораи хоҷагон
Мардуми Тоҷикистон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ шурўъ намуда, ин ҳадафҳоро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад. Бо дарки ин ҳадафҳо халқи мо ба самти рушд қадамҳои устувор гузошта, барои амалишавии онҳо тадбирҳо меандешад.
Роҳе, ки халқи Тоҷикистон интихоб намудааст, бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти дунявӣ, фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, умуман ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунад. Лекин, ин дастовардҳоро нодида гирифта, Исломиддин Садиров аъзои кадом як паймон ё сохтори ифротӣ фаромуш кардааст, ки мардуми кишвар, хусусан ҷавонон дигар фирефтаи хабару овозаҳои хоинони Ватан намешаванд.
Ин аъзои кадом як паймон ё сохтори ифротӣ қодир аст, танҳо бо супориши хўҷаин овоз барорад ё паси парда нақши “қурбонишударо” дар зери садои нақораи хуҷаинаш иҷро кунад, ки воқеан худро ба масхарабози беҳунар монанд кардааст. Ин беҳунари саҳна дар ҳолати карахтии ақлу шуур қарор гирифта, аз рушди Тоҷикистон бехабар, кушиши байни дигарон барпо кардани муҳити нобоварӣ, бетарафӣ, бепарвоӣ, риёкориро дорад. Ақли ин ашхос гирифтори дарди норозигии тоқатнопазир ва вобастагӣ аз хўҷаҳои хориҷии худ гаштааст, ки барои онҳо ҳама шароитро гўё хўҷаине, роҳбаланде муҳайё намояд, ҳалли ҳама масъалаҳоро масъулияти дигарон донад. Аз ин рў, дур нест фурсате, ки уро низ аз “саҳна” ронанд.
Ин масхарабози беҳунар, Муҳиддин Каӣирӣ бояд донад, ки пешравии Тоҷикистон мазҳака нест, нерўи асосии рушди кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар кишвар фаъолияти созмонҳои ҷавонон ҳамчун шакли самараноки ҷалби нерўи пешбарандаи ҷомеа ба корҳои созандагию бунёкорӣ, хайрия ва эҳсонкорӣ шоёни таваҷҷўҳи хоса аст. Танҳо номбар кардани корҳои ободонию созандаи роҳбари ҷавони ш.Душанбе ва бо роҳбарӣ ва роҳандозии пайвастаи вай ободу хуррам гаштани ҳар гўшаву канори пойтахт, дастгирӣ ёфтани ашхоси ба ёрии амалӣ мўҳтоҷ, инчунин дастгириии инкишофи илму фарҳанг, одату анъанаҳои миллӣ, маориф ва тандурустиро номбар кардан кофӣ аст, ки «доду фиғони» ин аъзои кадом як паймон ё сохтори ифротӣ дар вуҷудаш фурў нишинаду, мардумро беҳуда ташвиш надиҳад! Хуб мешуд ин нафар худро аз бандагии гумону алам озод кунаду, қамари ҳиммат баста ақалан як ниҳоле баҳри ободии Ватан шинонад, монанди варзишгар Диошод Назаров, кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов, сиёсатмадор Рустами Эмомалӣ ва ҳазорҳо дигарон дар ҳама соҳаҳо баҳри ободию нуфузи Тоҷикистон саҳм гузорад.
Лекин муҳим он аст, ки ҷавонони мо – ҳамчун нерўи асосии пешрафти ҷомеа фирефтаи дурўягону мунофиқон нашуда, арзишҳои иҷтимоии миллӣ, фарҳанг, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавиро таҳким бахшанд, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд.
Муттаҳидӣ, якдилӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ