Иғвогариҳои Кабирӣ фош шуд

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари худсохтаи Паймони хоинон дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳо мекунаду худро ба мардум дилсузу меҳрубон нишон медиҳад. Мардум худ қазоват кунед, нафаре, ки ин қадар ба миллат хиёнат кардааст метавонад худро ҳақ нишон диҳад? Ин курнамак дар назди мардуми тоҷик аз “муллову мавлавӣ ва журналисту сиёсатшинос” буданаш дарак медиҳаду дар назди хоҷагони Аврупоияш бошад аз демократияву озодӣ ҳарф мезанад. Аз ин хулқу рафтораш шунавандагони соманаҳоро дар ҳайрат овардааст, яъне на мулло буданаш маълум асту на журналисти фитнагар буданаш.

Кабирӣ ва Паймони миллиро имрўз касе эътироф накардааст, созандаи дасти ҳамон хоҷагони хориҷӣ мебошад, ки ба Тоҷикистони азизи мо сиёсати душманона ва манфиатҷуёна доранд. Ин саги дайду дар матлабаш иғво кардан ва бо чунин роҳ ба миён овардани низоъ дар байни ҷомеа дар Тоҷикистон мебошад.

Иғвоҳои навбатии Кабирӣ, ки вобаста ба лимити барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гаштанд сирф беасос мебошанд. Истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои стратегии фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, вобаста ба ин ҳамаи тадбирҳо андешида шуда истодаанд. Ҳукумати кишвар ҳеҷ гоҳ бе таъмини барқ дар дохил мамлакат ба хориҷ барқ интиқол намедиҳад.

Кабирии золиму ҷаҳолатпарвар аслан ба зиндагии саодатманди мардуми тоҷик ва равнақи давлатдорию давлатсозии мо ғараз дошта, пешравӣ ва дастовардҳои кишварамонро ҳамеша мавриди танқид қарор медиҳанд.

Таърих фаромуш накардааст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии Ҳизби наҳзат буд, ки сабабгори гумроҳии бархе аз мардуми кишвар дар аввали солҳои навадуми асри гузашта аст ва тамоми аркони сиёсӣ ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро фалаҷ кард. Мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор гирифт. Дар он рӯзгори бесару сомон зиёда аз саду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандони кишвари мо ҷони худро аз даст доданд, даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандон ва ҳазорон нафари дигар аз ҳамсарони хеш маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд.

Беш аз 1 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон тарки маҳали доимии зист карданд. Гуреза шуданд. Мегӯянд, ки ҳар касе дар торикӣ одат кардааст, аз рӯшноӣ сахт метарсад. Ин суханро ҳоҷати шарҳ додан нест, вале агар аз ҳар нуқтаи назар ҳам сари маъною мақсади он ҳарф занем, хулоса як аст: Шахсе, ки тинати сиёҳу торик дорад, ҳеҷ гоҳ таҳаммули равшанию равшанзамиронро нахоҳад дошт, ки чунин хислатро ба душмани хориҷии миллати мо-Кабирӣ метавон нисбат дод.

Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯиистифода кардан, мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Бинобар ин мо пеш аз он ки ба ҳарфи ин ватанфурӯшон гӯш намоем аввал бубинем ки онҳо кистанд. Ва оё ба ҳарфҳои дурӯғини онҳо бовар ардан мумкин аст. Махсусан Кабирӣ, ки саркардаи фитнаву дурӯғ аст шоистаи эътимод нест. Бо итминони комил мегӯям, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати рафтан ин роҳ саргумӣ мебошад. Вой бар ҳоли Шумо Ватанфурӯшон

Кабирии хунхору кутоҳандеш ва сагони расонавиаш донанд, ки мардуми тоҷик ба маслиҳату насиҳати онҳо ниёз надошта, маслиҳатчию насиҳатчӣ доранд. Онҳо аз пайи зиндагии созандаву арзанда буда, хоҳони сулҳи абадианд.

Латипов С.У.ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like