Сомонаи “Паём.нет” макони фисқу фуҷури наҳзат аст
Вақтҳои охир аъзоёни Паймони миллии Тоҷикистон, яъне Ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом бо мақолаҳои гуногун дар мавзўҳои мухталиф садо баланд мекунанд, мақолаҳо нашр месозанд, баромадҳо мекунанд. Мазмуни баромадҳо, мавзўҳо як чиз ҳаст, гўё роҳбари Паймони миллӣ бо аъзоёни худ имрўз ватандўсту меҳанпараст гардидаанду дар ғами марзу буми Ватан, некуаҳволии мардум, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Мақолаи Исломиддин Садиров аъзои Паймони миллии Тоҷикистон, яъне аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон террористиву экстремистӣ эътирофшуда наҳзати исломро хонда ба муаллифи он саволҳои зиёде пайдо мешавад. Паймони миллии Тоҷикистон бо роҳбарону аъзоёни фаъоли худ дар давраи тинҷиву осоиштагии кишвар чи корҳоро ба сомон расонида буданд, ки имрўз ҳар қадами давлату ҳукуматро зери танқиди ҷиддӣ қарор медиҳанд.
Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин хел Паймонҳову ҳизбҳову ҳаракатҳои ба ном мардумиву диниву ватандўст танҳо манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳии ҳаммаслакони худро пеш монда, на давлат на миллат на шаҳрвандони оддии кишварро фикр намекарданд. Имрўз вақте ки ба мақсадҳои разилонаи худ нарасиданд, имкониятҳо аз даст рафт, супориши роҳбарони беруна, ки иҷро нагардид онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд худро ватандӯсту ватанпарвар ғамхори шаҳрвандони камбизот, адолатхоҳони рўи замин нишон диҳанд.
Чи тавре дар урфият мегўянд, «Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ» баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 % мансабҳои давлатиро ба аъзоёни нерўҳои мухолифин доданд, ки дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикисон соҳиби мансаб гарданд ва қобилияти худро, мақсаду нияти худро баҳри ободиву пешрафти Тоҷикистон азиз гузоранд.
Мутаассифона, бо омадан ба сариқудрат, соҳибмансабони дар сар фикру андешаи табадулот, амали намудани нақшаи роҳбарони берунаи Ҳизби террористӣ, ба ҷои иҷрои вазифаҳои касбӣ, ободиву пешрафти ҷумҳурӣ аз пайи иҷрои ниятҳои нопоки худ гардиданд.
Хело афсус, шоир мефармояд «Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд».
Имрўз аз канор ҳар қарор, фармон, амал ва суханони Президенти мардумиро ба чашми бад дида, тоқат карда натавониста баромад мекунанд, мақола менависанд мехоҳанд бадбинии мардумро нисбат ба Ҳукумат зиёд гардонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо чашми сари худ ҳаёти воқеии кишварро дида баҳо дода истодааст, ин воқеит ҳаст на саҳна асту на масхара ҳасту на рўякӣ.
Нафароне, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои пойтахти кишвар таҳсил намудаанд, нафароне ки асли воқеаро нақл мекунанд на ба монанди Шумо аз пашша фил месохтаҳо дар солҳои таҳсил бо фарзандон ва хешу табори Пешвои миллат дарс омўхтаҳо ин суханони дар мақола омадаро бо далелҳо рад мекунанд ва иброз медоранд, ки ба ғайр суханҳои сохтаву бофта чизи дигаре нест.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ