Идеологияи фашистии Паймони миллӣ
Маводи пашхгардидаи Исломиддин Садиров, аъзои Паймони миллии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИ) хусусияти душманона, миллатгароёна ва иғвогарона дорад
Бубинед иғвогари наҳзатӣ И.Садиров дар мавод ба забони театрии асримёнагӣ рўй оварда кўшиш намудааст, ки калимаи фарсро шарҳ диҳад ва онро бо воқеияти рўзҳои ҳозираи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муқоиса намояд. Дар маводи пашхшуда таҳрифи дағалонаи воқеият ба назар мерасад. Агар мо ҳам сода карда гўем дигар дар Тоҷикистон чӣ қадар дурўг, иғво ва монанди ин нағмаҳо нисбати роҳбарияти сиёсӣ, Ҳукумат, аҳли ҷомеа бофта набароед, ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ такрор кардан муяссар намегардад, чунки мардум аллакай бо муқоиса дар асл кӣ будани наҳзатиёнро дарк не, хуб фаҳмиданд. Баъди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон.
Имрўзҳо бо нашри мақолаҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои ба ҳамдигар алоқамандӣ надошта (чапаю роста) роҳбари Паймони миллӣ ва пайравони ў ба ғайр аз коштани тухми кинаву адоват, бадбинӣ нисбати аъзоёни оила ва худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар аъзоёни Ҳукумату сохторҳои қудратӣ, дигар бо ягон кор машғул нестанд.
Дар охири асри ХХ дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳз онҳо (наҳзатиён) мардумро ба “банамоз” ва “бенамоз”, намозгузоронро ба мазҳаби сунӣ, шиа ва монанди онҳо тақсим намуда, ҷомеаро ба қисматҳо ҷудо намуданд. Воқеияти таърихӣ ин аст, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо пайравони худ ба Тоҷикистон сулҳ овард (барои ақалан як маротиба ба Афғонистони ҷангзада барои овардани гурезаҳо рафтан ба ин нафар – ба Эмомалӣ Раҳмон абадан унвони қаҳрамонӣ бояд дода мешуд).
Ин абармард ба номусоидатии вазъи сиёсӣ нигоҳ накарда ба 30% аъзоёни собиқ мухолифин мансабҳои давлатӣ дод, лекин онҳо (асосан назҳатиён) аз мансабҳои ишғол карда ба манфиати Ватан фаъолият накарда, дар фикри табаддулоти сиёсӣ шуданд, ки ин масъала дар таърихи сиёсии Тоҷикистони муосир бебаҳс ҷойгоҳи худро ёфтааст. Имрўзҳо ин нерўҳо боз мехоҳанд бесару сомонӣ, ҷангу ҷидол, нофаҳмӣ дар ҷомеа ҳукмфармо бошад. Хато кардед! Чунки ниятатон нопок аст. Исботи ин гуфтаҳо дар матни худи маводи Исломиддин Садиров чунин омадааст: ”Вақте касе танқидат мекунад, хуни забткоронаи муғулиат дарҳол ба ҷӯш омадаву ба сараш қамчин мекашӣ. Симои воқеиятро нишон медиҳӣ.” Ранги хуни муғул чӣ хел аст? Оё муғул инсон нест? Хуни забткорона чӣ хел ба ҷўш меояд? Сухан дар бораи шахси баруманде, ки гўё хуни забткоронаи муғулӣ дорад намеравад. Сухан дар бораи идеологияи фашистии ташкилоти Паймони миллӣ меравад. Назҳатиёни имрўза ки аллакай мардумро ба “банамозу” “бенамоз”, пайравии иҷборӣ ба мазҳабҳои дилхоҳатон ҷудо кардан ғайриимкон аст, бо роҳи нажодгароӣ, миллагорӣ иғворо таҳким дода ба сари мардуми тоҷик боз як ҷанги дигарро овардани ҳастед. Чунки дар заминаи шубҳаҳо доир ба хуни муғулӣ ё ғайри он доштани мардуми Тоҷикистони муосир тухми адовати миллатбадбиниро кошта, бо ҳамин манфиатҳои шахсӣ, гурўҳии худро дар амал ҷорӣ карданӣ ҳастед. Хестед, ки хобатон. Аз иғвоғои соф сиёсӣ ба динӣ, мазҳабӣ ба инсон бадбинӣ дар заминаи мансубияти нажодию миллӣ гузаштед, ки он сарчашмаи иделогияи фашистиатон аст.
Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ