Хаёли хоми Кабирӣ бобати инқилоби ранга
Дар мамлакати зебоманзари мо-Тоҷикистон қувваҳои гуногуни моҷароҷӯ ба монанди ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки вазъи ороми сиёсии мамлакатро бо ҳар гуна роҳу восита халалдор созанд. Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо баҳонаи ободии кишвар даъвои инқилоб намуда, тафаккури солими ҷомеаи ватанпарасти кишварамонро оҳиста-оҳиста вайрон сохта истодааст. Лек мардуми мо ба ваъдаҳои хоин боварӣ намекунад.
Дар давоми беш аз 29 соли сипаришуда бо кӯшиши давлатҳои абарқудрат ва ҳаммаслакони аврупоӣ дар як қатор кишварҳоро, аз ҷумла, дар Гурҷистон, Украина, Молдова, Қирғизистон ва Арманистон ба «инқилоби ранга» роҳанамоӣ карданд. Онҳо даъво мекунанд, ки ин инқилоб гӯё раъйи сокинони кишварашон буда, ба сиёсати онҳо аз берун ягон дахолат нашудааст. Ин дурӯғи маҳз аст. Ҳар яки ин инқилобҳо пешакӣ бо пухтагӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрокунандагонашон муайян карда шудааст. Маълумоти дақиқро дар бораи сохторҳои давлатӣ, ҷойҳои нозуки (уязвимый) он аз тарафи хоинони ватан ва ҷосусон гирифта, тайёрии ҳаматарафа мебинанд. Натиҷаи чунин инқилобҳои ранга ба ягон беҳбудӣ намеорад.
Чемпионҳои майдон «аз лиҳози стратегӣ пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Дар бораи онҳо ҳама чӣ, ҳатто то тамоюли генетикӣ, этикӣ, нажодӣ ва дигар имкониятҳо, тавони ақлонию дурнамои ҳар миллатро аз нигоҳи захираҳои нерумандии инкишофёбиаш донанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан онро идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне, ки бо халқҳои «каммаърифат» ба ибораи дигар «содалавҳ» дучор меоянд, зеро «вақте ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст.»
Як системаи мукаммали илмии роҳҳои ошкору пинҳони таъсиррасонии идеологӣ ба миллатҳо алакай мавҷуд аст ва «таҷрибаи инқилобҳои ранга, механизмҳои роҳандозӣ ба кор даровардан, инкишоф ва анҷоми мантиқии онҳо, ин ақидаро тақвият мебахшад. Зимни банақшагирӣ, идеологҳо ҳар як амалро, новобаста аз таъсири фоҷиабори он, ба тақдири миллати ба ҳайси ҳадаф интихобшуда, мӯшикофона коркард мекунанд.»
Система ҳама тавсияҳои лозим барои анҷоми инқилобҳои рангаро аз нуқтаи аввал то хатти марра дорад, ки «киҳо бояд «муборизи озодӣ ва адолат», «рӯҳонии маъруфу арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ» ва «ватанпарасти дурӯғин» муаррифӣ гарданд, кӣ дар кадом ниқоб ҷой дода шавад, роҳҳои тафсири рӯйдодҳо ҷиҳати бештар намудани ҷаззобияти онҳо, нишон дода мешавад. Барои мисол, рӯйдодҳои дар нуқоти маълуми ҷуғрофӣ бавуқӯъ пайваста, ки паёмадҳои ногувор доштанд, бо ибораҳои ҷаззоб аз қабили «баҳори араб», «инқилоби садбаргҳо», «инқилоби лолаҳо» ва ғайра ёд мешаванд. Барои дарёфти чунин номҳо маъмулан зеҳни мардуми одӣ, бекор ва заҳматкашони муқаррарӣ кифоят намекунад. Дар захираи луғавии онҳо чунин истилоҳоти дендрологӣ, ки имкони мушобеҳ карданашон ба мафҳумҳои идеологӣ мумкин бошад, вуҷуд надорад».
Дин – бозичаи дасти қудратҳо аст. Сиёсӣ кардании аҳкоми динӣ низ ба як олати дигари таҳмили хостҳои бозигарони геополитикӣ табдил ёфтааст. Дар Ғарб ҳанӯз 300 сол қабл аз низоми давлатҳои динӣ ба фоидаи давлатҳои дунявӣ даст кашиданд ва “Ғарб аз ин пушаймон нашуд, вале ҳамзамон, ҳамин қадар сол бозигарони геополитикӣ талош меварзанд, ки теъдоди ками кишварҳо аз шакли давлатдории клерикалӣ дур шаванд, бахусус дар нимкурраи шарқӣ – мамлакатҳои мусулмоннишин”.
Мазҳабишавии ҷомеаҳо дар кишварҳои мусалмонӣ махсус аз хориҷ таҳрику ташвиқ мешавад. Бо мақсади арзишнок нишон додани ин сиёсат, ходимони ҷудогона барои хондани лексияҳо ба донишгоҳҳои маъруфи Ғарб даъват мешаванд, ҳол он ки дар ватанашон онҳоро барои дар суханрониҳояшон набудани маънӣ ва мантиқи дурусти баён ҳатто ҳампешагонашон гӯш намекунанд.
Ба мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба мардумфиребиҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ ва ПМТ дода нашаванд. Инқилоби Кабирӣ ягон натиҷаи нек надорад. Бо инқилоб ба сари ҳокимият омаданист, ки ин орзуи деринаи наҳзату паймон аст.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ